https://sputnik.tj/20221021/korkhona-rusiya-dorusozi-tojikiston-1052337192.html
Корхонаи бузурги Русия вориди соҳаи дорусозии Тоҷикистон мешавад
Корхонаи бузурги Русия вориди соҳаи дорусозии Тоҷикистон мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари вилояти Суғд бо мақомдори ширкати "Фармасинтез" пешниҳоди доруҳои арзон ва роҳандозии истеҳсолот дар Тоҷикистонро ба миён гузошт
2022-10-21T22:00+0500
2022-10-21T22:00+0500
2023-02-08T19:45+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
коргоҳ
саноат
истеҳсол
дору
суғд
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/03/1032750887_0:100:1921:1180_1920x0_80_0_0_8cce1fd1dc1779b45aa6af4dbadaff71.jpg
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мудири бахши содироти ширкати дорусозии "Фармасинтез" - и Русия Григорий Демидов густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард. Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, ҷонибҳо дар мавриди масоили тақвияти ҳамкориҳо дар бахши дорусозӣ ва татбиқи лоиҳаи нав дар самти бунёди коргоҳи истеҳсоли доруворӣ табодули афкор намудаанд. Аҳмадзода вазъу имконоти соҳаро муаррифӣ намуда, афзудааст, ки аз ҷониби ҳукумат ба рушди соҳаи тиб ва дорусозӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Григорий Демидов зимнан таъкид дошт, ки ширкати "Фармасинтез" барои ҳамкорӣ бо ҳамтоёни худ аз вилояти Суғд омода мебошад. Таъкид шудааст, ки ҳарду ҷониб омодагии худро барои густариши ҳамкорӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва ба роҳ мондани хати истеҳсолӣ баён доштанд.Зикр шудаст, ки "Фармасинтез" аз ширкатҳои бузурги дорусозӣ дар Русия ба ҳисоб рафта, беш аз 500 номгӯи дорувориро истеҳсол менамояд. Таъкид шудаст, ки он дар 5 минтақаи Русия коргоҳҳои истеҳсолии худро дошта, дар онҳо ҳудуди 4 ҳазор нафар шаҳрвандон ба шуғли доимӣ фаро гирифта шудаанд.
https://sputnik.tj/20220617/tojikiston-pazhuhishgoh-tibb-rusi-faol-1049286710.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/03/1032750887_106:0:1813:1280_1920x0_80_0_0_2885e5396ba487878883c4170b247053.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
корхона, дорусозӣ, русия, тоҷикистон
корхона, дорусозӣ, русия, тоҷикистон
Корхонаи бузурги Русия вориди соҳаи дорусозии Тоҷикистон мешавад
22:00 21.10.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Роҳбари вилояти Суғд бо мақомдори ширкати "Фармасинтез" пешниҳоди доруҳои арзон ва роҳандозии истеҳсолот дар Тоҷикистонро ба миён гузошт
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мудири бахши содироти ширкати дорусозии "Фармасинтез" - и Русия Григорий Демидов густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, ҷонибҳо дар мавриди масоили тақвияти ҳамкориҳо дар бахши дорусозӣ ва татбиқи лоиҳаи нав дар самти бунёди коргоҳи истеҳсоли доруворӣ табодули афкор намудаанд.
Аҳмадзода вазъу имконоти соҳаро муаррифӣ намуда, афзудааст, ки аз ҷониби ҳукумат ба рушди соҳаи тиб ва дорусозӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.
Григорий Демидов зимнан таъкид дошт, ки ширкати "Фармасинтез" барои ҳамкорӣ бо ҳамтоёни худ аз вилояти Суғд омода мебошад.
"Ширкат нақша дорад маводи дорувории худро бо нархҳои арзон ба Тоҷикистон ворид сохта, минбаъд истеҳсолоти онро ба роҳ монад", - омадаст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки ҳарду ҷониб омодагии худро барои густариши ҳамкорӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва ба роҳ мондани хати истеҳсолӣ баён доштанд.
Зикр шудаст, ки "Фармасинтез" аз ширкатҳои бузурги дорусозӣ дар Русия ба ҳисоб рафта, беш аз 500 номгӯи дорувориро истеҳсол менамояд. Таъкид шудаст, ки он дар 5 минтақаи Русия коргоҳҳои истеҳсолии худро дошта, дар онҳо ҳудуди 4 ҳазор нафар шаҳрвандон ба шуғли доимӣ фаро гирифта шудаанд.