https://sputnik.tj/20230111/tayini-raisi-navi-kumitai-rushdi-sayyohii-tojikiston-1054139723.html
Таъйини раиси нави Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон
Таъйини раиси нави Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар мақомҳои роҳбарии Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби президенти кишвар тағйироти кадрӣ роҳандозӣ гардиданд
2023-01-11T18:15+0500
2023-01-11T18:15+0500
2023-01-11T18:15+0500
дар тоҷикистон
рушд
кумита
сайёҳӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102908/42/1029084253_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_516cacd2aca80c028cac5832f751a4a6.jpg
ДУШАНБЕ, 11 янв – Sputnik. Муминзод Камолиддин Рамазон раиси нави Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон таъйин шуд. Қарори ҳукумат дар ин бораро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон имзо намуд. Муминзод то ҳол муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии кишвар буд. Бо қарори дигари ҳукумат, Ҷӯразода Тоҷиддин бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси Кумитаи рушди сайёҳии кишвар озод гардид. Ӯ дар ин мақом аз моҳи ноябри соли 2020 фаъолият дошта, дар мавриди ҷойи нави корияш иттилоъ дода нашудааст. Камолиддин Муъминзод, зодаи соли 1984 буда, соли 2006 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултаи ҳуқуқшиносиро бо дипломи аъло, соли 2012 Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия факултаи "Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит"-ро хатм кардааст. Дар гузашта дар сохторҳои Вазорати маориф, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи ҷавонону варзиш ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия кор кардааст. Аз соли 2020 то ҳол муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ буд. Тағйирот дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон рушди сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ мешавад. Бар асоси омори расмӣ, дар 5 соли охир ба Тоҷикистон беш аз 3,9 млн нафар, аз ҷумла соли 2022-юм 1 млн сайёҳ ворид гардидаанд. Таъкид мешавад, ки барои пешниҳоди хизматрасонӣ ба сайёҳон тайи солҳои охир беш аз 600 ва танҳо соли 2022-юм 100 иншооти инфрасохтори сайёҳӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд.
https://sputnik.tj/20230109/nizom-jamovari-omor-sayyohon-tojikiston-1054071552.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102908/42/1029084253_169:0:2900:2048_1920x0_80_0_0_eb415a5feeeeb574e1dc03fd19ca345e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тағйироти кадрӣ, рушд, сайёҳӣ, тоҷикистон
тағйироти кадрӣ, рушд, сайёҳӣ, тоҷикистон
Таъйини раиси нави Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон
Дар мақомҳои роҳбарии Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби президенти кишвар тағйироти кадрӣ роҳандозӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 11 янв – Sputnik. Муминзод Камолиддин Рамазон раиси нави Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон таъйин шуд.
Қарори ҳукумат дар ин бораро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон имзо намуд. Муминзод то ҳол муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии кишвар буд.
Бо қарори дигари ҳукумат, Ҷӯразода Тоҷиддин бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси Кумитаи рушди сайёҳии кишвар озод гардид. Ӯ дар ин мақом аз моҳи ноябри соли 2020 фаъолият дошта, дар мавриди ҷойи нави корияш иттилоъ дода нашудааст.
Камолиддин Муъминзод, зодаи соли 1984 буда, соли 2006 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултаи ҳуқуқшиносиро бо дипломи аъло, соли 2012 Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия факултаи "Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит"-ро хатм кардааст.
Дар гузашта дар сохторҳои Вазорати маориф, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи ҷавонону варзиш ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия кор кардааст. Аз соли 2020 то ҳол муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ буд.
Тағйирот дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон рушди сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ мешавад.
Бар асоси омори расмӣ, дар 5 соли охир ба Тоҷикистон беш аз 3,9 млн нафар, аз ҷумла соли 2022-юм 1 млн сайёҳ ворид гардидаанд.
Таъкид мешавад, ки барои пешниҳоди хизматрасонӣ ба сайёҳон тайи солҳои охир беш аз 600 ва танҳо соли 2022-юм 100 иншооти инфрасохтори сайёҳӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд.