Роҳандозии низоми нав барои ҷамъоварии омори сайёҳон дар Тоҷикистон

© Sputnik / Алексей Майшев / Гузариш ба медиабонкВозобновление авиасообщения между Россией и Турцией
Возобновление авиасообщения между Россией и Турцией - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2023
Обуна шудан
Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон тасмим гирифтааст низоми ёридиҳандаи омори сайёҳӣ (TSA -Tourism Satellite Account) роҳандозӣ намояд
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ва кумаки техникии Бонки Осиёии Рушд ва ҷалби коршиносони Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ низоми ёридиҳандаи омори сайёҳӣ (TSA -Tourism Satellite Account) роҳандозӣ мекунад.
Тавре Кумитаи рушди сайёҳӣ иттилоъ додааст низоми мазкур қисми ёридиҳандаи низоми омори миллӣ буда, нишондиҳандаҳои соҳаро дар сохтори Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ муайян хоҳад кард.
Таъкид шудааст, ки бо ин мақсад дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарият ва мутахассисони Кумита, ширкатҳои сайёҳӣ ва мақомотҳои дахлдор курси омӯзишӣ дар бораи ташкили дурусти ҷамъоварии омори сайёҳӣ ва такмилу соддагардонии низоми иҷозатномадиҳӣ баргузор гардид.
Флаги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2022
Баррасии тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Эрону Тоҷикистон дар бахши сайёҳӣ
Ҳамзамон дар Кумита барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, ҷалби доимии сайёҳону меҳмонони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ гурӯҳи кори доимоамалкунанда аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор таъсис дода шуд, ки вазифаи он мукаммал намудани заминаҳои меъёрии омори сайёҳӣ дар мамлакат мебошад.
“Бо назардошти таҷрибаи давлатҳои пешрафта электронӣ гардонидани портал амалӣ гардида, бо мақсади аз байн бурдани омилҳои инсонӣ раванди гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ низ электронӣ гардонидаа мешавад”,- илова кардааст Кумита.
Гуфта шудааст, ки ҳангоми пурра ҷорӣ гардидани низоми хизматрасониҳои электронӣ барои соҳибкорон барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба соҳибкорону сармоягузорон ва баланд бардоштани рақобат пазирии бахши хусусӣ, аз чумла муттаҳидкунии вазифаҳои санҷишии мақомоти санҷишӣ, соддагардонии раванди гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, иҷозатномадиҳӣ ва ба таври электронӣ ба роҳ мондани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор мусоидат менамояд.
Лентаи хабарҳо
0