Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Тағйироти кадрӣ дар амалиёти вижаи низомии Русия: Герасимов фармондеҳ шуд

© Пресс-служба Минобороны РФ / Гузариш ба медиабонкНачальник Генерального штаба Вооруженных сил РФ - первый заместитель министра обороны РФ Валерий Герасимов на заседании коллегии министерства обороны РФ.
Начальник Генерального штаба Вооруженных сил РФ - первый заместитель министра обороны РФ Валерий Герасимов на заседании коллегии министерства обороны РФ. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2023
Обуна шудан
Вазири мудофиаи Русия дар ҳайати фармондеҳии нерӯҳои муштараки амалиёти вижаи низомӣ барои озодсозии Донбасс тағйироти кадрӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 11 янв – Sputnik. Фармондеҳи нерӯҳои муштараки амалиёти вижаи низомии Русия, сардори Ситоди кулл, Валерий Герасимов таъйин шудааст.
Ба иттилои Вазорати мудофиаи Русия, тағйирот дар ҳайати фармондеҳии амалиёти вижаро, вазири дифои ФР, Сергей Шойгу анҷом дод.
Генерали армия фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Русия, Сергей Суровикин, ки то ҳол фармондеҳии нерӯҳои муштараки амалиёти низомиро ба уҳда дошт, ноиби Герасимов таъйин гардидааст.
Инчунин фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Русия, генерал Олег Салюков муовини Герасимов таъйин гардидааст. Ноиби сеюми фармондеҳи нерӯҳои муштараки амалиёти низомӣ, муовини сардори Ситоди кулли қувваҳои мусаллаҳи Русия, генерал-полковник Алексей Ким шудааст.
Пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2023
Кремл овозаҳо дар бораи манъи хуруҷи мардон аз Федератсияи Русияро шарҳ дод
Боло бурдани сатҳи фармондеҳӣ дар амалиёти махсус ба васеъ шудани миқёси вазифаҳои гузошташуда, зарурати ташкили ҳамкории зич байни намудҳо ва бахшҳои қӯшунҳо вобаста аст, тавзеҳ дод Вазорати дифоъ.
Маврид ба зикр аст, ки Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Лентаи хабарҳо
0