Шаби сардтарини Суғд дар пеш: шарҳи мутахассис дар бораи ҳавои шимоли Тоҷикистон

© Sputnik Снегопад в Душанбе
Снегопад в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Пажӯҳишҳои обуҳавосанҷӣ шаби 11 ба 12 январ сардтарин арзёбӣ мекунанд, ки ҳарорати ҳаво дар шимоли Тоҷикистон то ба 19 дараҷа сардӣ поин хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 11 янв – Sputnik. Сардию барфрезие, ки Суғдро фаро гирирфтааст, то 14 январ идома хоҳад кард, иттилоъ дод сардори Маркази обуҳавосанҷии вилоят, Абдувалӣ Ҳомидов ба Sputnik Тоҷикистон.
Бино ба гуфти ӯ, мушоҳидаҳои метрологӣ собит намудааст, ки меъёри боришот дар шаҳру навоҳии Суғд фарқ карда ва марзи барфрезӣ ҳам то 30 см баланд шудааст.
“Меъёри боришот дар доманакӯҳҳо баландии барфрезӣ ба 30 см баробар шудааст. Дар водиҳо ин рақам поёнтар, яъне то 4 см-ро ташкил медиҳад", - шарҳ дод, Ҳомидов.
Сардори Маркази обуҳавосанҷии Суғд, моҳи январро хунуктарин моҳи фасли сармо арзёбӣ кард.
Трасса Душанбе - Чанак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2023
Ҳама маҳдудиятҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ лағв шуданд
Вай сардшавии феълиро якҷошавии фронти атмосферии шимол ва ҷанубӣ шарҳ дода гуфт, ки ин ҷараён дар уқёнуси яхбастаи шимолӣ сар зада ба Русия ва аз он ҷо ба водии Фарғона аз ҷумла ба вилояти Суғд мерасад.
Бино ба гуфти ӯ, тибқи тадқиқоти метеорологӣ сардиҳое, ки аз 10 январ шурӯъ шуд, то санаи 14 идома хоҳад кард.

"Тибқи пажӯҳишҳои обуҳавосанҷӣ шаби 11 ба 12 январ сардтарин шаб арзёбӣ шуда, ҳарорат ба -19 дараҷа сард хоҳад шуд" – тавзеҳ дод мусоҳиб.

Бино ба гуфти масъулони Идораи обуҳавосанҷӣ ҳарорати ҳаво то се рӯзи баъд дар водиҳо рӯзона аз -3 то -5 ва шабона аз -12 то -17 дараҷа сард мешавад.
Дараҷаи сардӣ дар доманакӯҳҳо ва баландкӯҳҳо рӯзона аз -9 то -17 ва шабона то ба - 24 хоҳад расид.
Маврид ба зикр аст, ки бар асари барфрезии 10 ба 11 январ роҳҳо ях баста, ҳаракати воситаҳои нақлиёт душвор гардид. Дар натиҷа гаштугузори мусофирбарҳо ба маротиб кам шуда, бархе аз сокинон натавонистанд саривақт ба ҷойҳои зарурияшон расанд.
Лентаи хабарҳо
0