Ҳама маҳдудиятҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ лағв шуданд

© Фото : IRSТрасса Душанбе - Чанак
Трасса Душанбе - Чанак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2023
Обуна шудан
Қаблан роҳи тозашуда барои ҳаракат дар самти Хуҷанд ба Душанбе ва танҳо барои мошинҳои сабукрав кушода шуда шуда буд ва ҳоло барои ҳар навъ иҷоза шуд
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Маҳдудияти ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ лағв шуд.
Дар ин бора дафтари матбуотии ширкати Innovative Road Solutions хабар додааст.
Қаблан хатсайр барои ҳаракати якҷониба (аз Хуҷанд ба Душанбе) ва танҳо барои мошинҳо кушода буд.
Тибқи иттилои нашркардаи ширкати идоракунанда, дар ҳоли ҳозир роҳ ба ду самт ва барои ҳама намуди нақлиёт, аз ҷумла мошинҳои боркаш боз аст.
© Фото : IRSТрасса Душанбе - Чанак
Трасса Душанбе - Чанак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2023
Трасса Душанбе - Чанак
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 10-уми январ аз қисмати аврупоии Русия ва ғарби Сибир ба Тоҷикистон тӯфони сард ворид шуд, ки дар робита ба ин дар саросари кишвар сармо ва боришоти шадид мушоҳида мешавад.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, чунин ҳаво то 14 январ идома хоҳад кард.
Қаблан Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе аз сокинон даъват карда буд, ки бидуни зарурат бо мошин сафар накунанд, балки тавассути нақлиёти ҷамъиятӣ ба ба роҳ бароянд.
КҲФ низ гуфтааст, ки дар ин рӯзҳо хуб аст, ки сафар ба масирҳои мушкилгузари куҳӣ худдорӣ шавад, зеро сармои шадид боиси фаромадани тармаву яхбандиҳо мегардад.
Лентаи хабарҳо
0