https://sputnik.tj/20230111/payomi-sardabir-sputnik-litva-mahbas-1054133039.html
Паёми сардабири Sputnik Литва аз маҳбас
Паёми сардабири Sputnik Литва аз маҳбас
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзноманигори боздоштшуда ба ҳар нафаре, ки дар рӯзҳои сахт дар талоши кумак ба ӯст, сипос гуфта, афзудаст, барои онҳое, ки хурсанд шудаанд, довар Худост 11.01.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-01-11T16:20+0500
2023-01-11T16:20+0500
2023-01-11T16:20+0500
дар русия
озодӣ
озодии баён
латвия
ҳабс
рӯзноманигор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/06/1054020110_0:71:3239:1893_1920x0_80_0_0_39e956771ede3a62017c31bd02a178fb.jpg
ДУШАНБЕ, 11 янв – Sputnik. Сардабири Sputnik Литва Марат Касем, ки дар Латвия боздошт шудааст, аз маҳбас мактубе навишт. Касем дар паём иттилоъ додааст, ки мақомоти Латвия ӯро бар асоси 84-и Қонуни ҷиноӣ - "нақзи таҳримоти иқтисодӣ" муттаҳам мекунанд. Бар асоси иттиҳоме, ки нисбати Марат Касем эълон шудааст, ӯро то 5 соли зиндон ё ҷарима дар ҳаҷми 100 музди моҳона таҳдид мекунад.Дар назди сафорати Латвия дар Маскав гирдиҳамоӣ ба ҳимоят аз сардабири хабаргузории Sputnik Литва, Марат Касем баргузор шуд.Ҷамъомадагон бо шиорҳо дар даст, ҳамраъйияшонро ба Марат Касем баён дошта, талаби озодии ӯро талаб карданд.Мудири кулли гуруҳи расонаии "Россия сегодня" Дмитрий Киселёв низ дар ин гирдиҳамоӣ ширкат дошт. Вай лавҳае бо навиштаҷоти "Аз рӯзноманигорони Русия даст бардоред" ба даст гирифта, садоро барои озодии Марат Касем баланд кард.Киселёв боздошти хабарнигорро комилан ғайриқонунию дорои ангезаи сиёсӣ хонда, бозгӯкунандаи адами эҳтиром ба озодии баён донист. Вай таъкид намуд, ки мақомоти Латвия омодаанд, ҳар нафари марбут ба Русияро маҳкум созанд.
https://sputnik.tj/20230106/hamoish-maskav-ozodii-marat-kasem-video-1054022544.html
латвия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/06/1054020110_508:0:3239:2048_1920x0_80_0_0_c6e2d916d6df24d4ed4d80487d3eb5e1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар русия, озодӣ, озодии баён, латвия, ҳабс, рӯзноманигор
дар русия, озодӣ, озодии баён, латвия, ҳабс, рӯзноманигор
Паёми сардабири Sputnik Литва аз маҳбас
Рӯзноманигори боздоштшуда ба ҳар нафаре, ки дар рӯзҳои сахт дар талоши кумак ба ӯст, сипос гуфта, афзудаст, барои онҳое, ки хурсанд шудаанд, довар Худост
ДУШАНБЕ, 11 янв – Sputnik. Сардабири Sputnik Литва Марат Касем, ки дар Латвия боздошт шудааст, аз маҳбас мактубе навишт.
Касем дар паём иттилоъ додааст, ки мақомоти Латвия ӯро бар асоси 84-и Қонуни ҷиноӣ - "нақзи таҳримоти иқтисодӣ" муттаҳам мекунанд.
"Шояд расонаҳои Латвия аз боздошти ман хеле шод буданд? Худо доварияшон кунад. Ташаккур ба ҳамае, ки бароям дар ташвишанду кумак мекунанд, ҳамаи инро эҳсос мекунаму ашк дар чашмонам ҳалқа мезанад", - навиштаст ӯ.
Бар асоси иттиҳоме, ки нисбати Марат Касем эълон шудааст, ӯро то 5 соли зиндон ё ҷарима дар ҳаҷми 100 музди моҳона таҳдид мекунад.
Дар назди сафорати Латвия дар Маскав гирдиҳамоӣ ба ҳимоят аз сардабири хабаргузории Sputnik Литва, Марат Касем баргузор шуд.
Ҷамъомадагон бо шиорҳо дар даст, ҳамраъйияшонро ба Марат Касем баён дошта, талаби озодии ӯро талаб карданд.
Мудири кулли гуруҳи расонаии "Россия сегодня" Дмитрий Киселёв низ дар ин гирдиҳамоӣ ширкат дошт. Вай лавҳае бо навиштаҷоти "Аз рӯзноманигорони Русия даст бардоред" ба даст гирифта, садоро барои озодии Марат Касем баланд кард.
Киселёв боздошти хабарнигорро комилан ғайриқонунию дорои ангезаи сиёсӣ хонда, бозгӯкунандаи адами эҳтиром ба озодии баён донист. Вай таъкид намуд, ки мақомоти Латвия омодаанд, ҳар нафари марбут ба Русияро маҳкум созанд.