Давлатмамадов дар Рӯшон бо харҷи 2 млн сомонӣ гармхона месозад

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанТеплица с огурцами, архивное фото
Теплица с огурцами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2023
Обуна шудан
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон азм доранд, аз ҳисоби густариши бунёди гармхонаҳо фаровонӣ дар бозорро таъмин кунанд
ДУШАНБЕ, 11 янв – Sputnik. Дар ноҳияи Рӯшон дар майдони зиёда аз 1,5 гектар замин гармхонаҳо бо маблағи 2 млн сомонӣ бунёд мегарданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ иттилоъ дода, афзуд, ки гармхонаҳоро соҳибкори маҳаллӣ Ҳамдам Давлатмамадов бунёд намуда истодааст.
Интизор меравад, ки дар пайи анҷоми сохтмони гармхонаҳо сокинони маҳаллӣ иловатан бо ҷойҳои корӣ таъмин гарданд.
Ин иқдом дар ҳолест, ки қаблан мақомоти ВМКБ ба Давлатқадамов пешниҳод намуданд, ки майдони гармхонаҳоро васеъ намуда, бозори шаҳри Хоруғро бо маҳсулот таъмин намояд.
Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ҳангоми сафар дар шаҳри Хоруғ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2023
Зери назари Шералӣ Кабир: дар Хоруғ корхонаҳои сангу шаробу пойафзол фаъол мешаванд
Зикр шудааст, ки ин кишоварз ҳар сол аз гармхонаи бунёднамудааш ҳосили фаровон рўёнда, дар баробари таъмини хонаводааш бо маҳсулоти кишоварзӣ, қисми зиёди онро ба бозор мебарорад. Ҳукумати ВМКБ даромади деҳқон аз гармхонаро хуб баҳогузорӣ кардаст.
Дар ҳамин ҳол мақомот азм доранд, теъдоди гармхонаҳоро дар Бадахшон зиёд кунанд ва таъкид менамоянд, ки барои ин кор тамоми шароит фароҳам аст.
Ба сифати далели фаъолияти хуб, аз ҷумла гармхонаи инноватсионии Донишгоҳи давлатии Хоруғ мисол оварда шудаст, ки ахиран дар деҳаи Ҷелондеҳи ноҳияи Шуғнон бунёд гардидаст.
Гармхона дар Ҷелондеҳ бо тамоми шароиту имконияти муосир дар баландии тақрибан 3600 метр аз сатҳи баҳр сохта шуда, барои парвариши намудҳои гуногуни сабзавот мусоид мебошад, таъкид намуданд мақомот.
Лентаи хабарҳо
0