Зери назари Шералӣ Кабир: дар Хоруғ корхонаҳои сангу шаробу пойафзол фаъол мешаванд

© Дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБШералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ҳангоми сафар дар шаҳри Хоруғ
Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ҳангоми сафар дар шаҳри Хоруғ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2023
Обуна шудан
Мақомдорони Хоруғ дар масъалаи расидан ба ҳадафи чоруми стратегии ҳукумат - саноаткунонии босуръат ҳисобот дода, нақшаҳоро дар соли нав баён доштанд
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Аз 82 корхонаи саноатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 32 ададашон ба шаҳри Хоруғ рост меояд.
Ин нукта дар ҷаласаи ҷамъбастии солонаи шаҳрдории Хоруғ зикр шуда, нақшаҳо барои соли ҷадид баён гардиданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ, соли равон дар шаҳри Хоруғ корхонаи коркарди санг "Суман", фабрикаи пойафзолбарорӣ, корхонаҳои истеҳсоли обҳои ташнашикан ва нӯшокиҳои спиртӣ, шир ва маҳсулоти ширӣ ва матбааи вилоятӣ ба истифода дода мешаванд.
Цех по производству полипропиленовых мешков в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2023
Саҳми Данғара дар тавлидоти саноатии Хатлон чӣ қадар аст?
Таъкид гардидааст, ки интизор меравад, дар корхонаҳои ҷадид зиёда аз 100 нафар сокинони вилоят бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шаванд.
Маврид ба зикр аст, ки тарҳҳои рушди иҷтимоию иқтисодии маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зери назари намояндаиҳукумати марказӣ амалӣ мешаванд.
Қаблан вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, Шералӣ Кабир намояндаи нави ҳукумат дар шаҳри Хоруғ таъйин гардида буд.
Ҳадаф аз таъйиноти Шералӣ Кабир рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Хоруғ ва таҷлили сазовори 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон арзёбӣ шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0