https://sputnik.tj/20230109/tarma-kalon-roh-dushanbe-chanoq-bast-1054081741.html
Тармаи калон роҳи Душанбе - Чаноқро баст
Тармаи калон роҳи Душанбе - Чаноқро баст
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати IRS, ки ба ҷамъоварии маблағ ва нигоҳдории роҳи Душанбе - Чаноқ машғул аст, аз басташавии роҳ ба далели фаромадани тарма хабар дод
2023-01-09T21:10+0500
2023-01-09T21:10+0500
2023-01-09T21:10+0500
дар тоҷикистон
тарма
роҳ
"инновейтив роуд солюшнз лтд" (irs)
ширкати irs
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/09/1054081400_0:42:960:582_1920x0_80_0_0_94adf01765478e18c0d8e99e22ffde7b.jpg
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Дар километри 80 - уми роҳи Душанбе - Чаноқ тармаи калон фаромад хабар дод ширкати IRS.Ба иттилои ширкат дар ҳоли ҳозир ба макони зикршуда фавран техникаҳои пуриқтидор сафарбар шудаанд ва бартарафсозии тарма дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш ширкати IRS хабар дода буд, ки Роҳи Душанбе - Чаноқ кушода буда, ҳаракати ҳамаи намуди нақлиёт феълан иҷозат дода шудаст.Бояд қайд кард, ки қаблан ҳаракати фура ва автомобилҳои боркаши ядакдор маҳдуд шуда буд.IRS дар мавриди вазъият тавзеҳ дода буд, ки шаби гузашта дар километри 67 - уми роҳи Душанбе - Чаноқ, ки 40 метр паҳноӣ ва 8 метр баландӣ дошт, фаромад, ки бартараф шуд.Илова бар ин, дар километри 79- ум низ бо паҳноии 30 ва баландии 4 метр тарма фаромада, дар муддати бениҳоят кӯтоҳ бартараф гардид, афзуд манбаъ.Ширкат аз ронандагон даъват намудаст, ки пеш аз сафар ҳатман ба ҳолати техникии автомобилҳояшон, аз ҷумла ба талаботи хоси мавсими сармо таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, то зимни сафар ба мушкил мувоҷеҳ нагарданд.Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон низ ба ронандагон тавсия додаст, ки чархҳои тобистонаро бо зимистона иваз кунанду низоми гармкунии мошинро бадиққат санҷанд.Пеш аз сафар бо худ қисмҳои эҳтиётии заруриро гирифта, дар бордони мошинат бояд ҳатман сару либоси гарм, фонус, бели хурди сафарӣ, банд барои кашидани мошин, сӯзишвории эҳтиётӣ, гӯгирд, термос бо оби гарм дошта бошанд, омадааст дар тавсияҳои КҲФ.
https://sputnik.tj/20230109/laghv-mahdudiyat-rohi-dushanbe-chanoq-1054062097.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/09/1054081400_0:0:960:720_1920x0_80_0_0_c0dff3acad8b1ec9262674b9bc33b113.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, тарма, калон, роҳ, душанбе-чаноқ, баста, фаромадани тарма, ширкати irs
тоҷикистон, тарма, калон, роҳ, душанбе-чаноқ, баста, фаромадани тарма, ширкати irs
Тармаи калон роҳи Душанбе - Чаноқро баст
Ширкати IRS, ки ба ҷамъоварии маблағ ва нигоҳдории роҳи Душанбе - Чаноқ машғул аст, аз басташавии роҳ ба далели фаромадани тарма хабар дод
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Дар километри 80 - уми роҳи Душанбе - Чаноқ тармаи калон фаромад хабар дод ширкати IRS.
Ба иттилои ширкат дар ҳоли ҳозир ба макони зикршуда фавран техникаҳои пуриқтидор сафарбар шудаанд ва бартарафсозии тарма дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш ширкати IRS хабар дода буд, ки Роҳи Душанбе - Чаноқ кушода буда, ҳаракати ҳамаи намуди нақлиёт феълан иҷозат дода шудаст.
Бояд қайд кард, ки қаблан ҳаракати фура ва автомобилҳои боркаши ядакдор маҳдуд шуда буд.
IRS дар мавриди вазъият тавзеҳ дода буд, ки шаби гузашта дар километри 67 - уми роҳи Душанбе - Чаноқ, ки 40 метр паҳноӣ ва 8 метр баландӣ дошт, фаромад, ки бартараф шуд.
Илова бар ин, дар километри 79- ум низ бо паҳноии 30 ва баландии 4 метр тарма фаромада, дар муддати бениҳоят кӯтоҳ бартараф гардид, афзуд манбаъ.
Ширкат аз ронандагон даъват намудаст, ки пеш аз сафар ҳатман ба ҳолати техникии автомобилҳояшон, аз ҷумла ба талаботи хоси мавсими сармо таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, то зимни сафар ба мушкил мувоҷеҳ нагарданд.
Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон низ ба ронандагон тавсия додаст, ки чархҳои тобистонаро бо зимистона иваз кунанду низоми гармкунии мошинро бадиққат санҷанд.
Пеш аз сафар бо худ қисмҳои эҳтиётии заруриро гирифта, дар бордони мошинат бояд ҳатман сару либоси гарм, фонус, бели хурди сафарӣ, банд барои кашидани мошин, сӯзишвории эҳтиётӣ, гӯгирд, термос бо оби гарм дошта бошанд, омадааст дар тавсияҳои КҲФ.