Лағви ҳамаи маҳдудиятҳо дар роҳи Душанбе - Чаноқ

© Дафтари матбуоти ширкати IRSБарфрӯбӣ дар масири Душанбе - Чаноқ
Барфрӯбӣ дар масири Душанбе - Чаноқ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2023
Обуна шудан
Ширкати IRS, ки ба ҷамъоварии маблағ ва нигоҳдории роҳи Душанбе - Чаноқ машғул аст, вазъу шароити ҳаракати худравҳо дар масирро тавзеҳ дод
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Роҳи Душанбе - Чаноқ кушода буда, ҳаракати ҳамаи намуди нақлиёт феълан иҷозат дода шудаст, хабар дод ширкати IRS.
Маврид ба зикр аст, ки тайи соатҳои охир ҳаракати фура ва автомобилҳои боркаши ядакдор маҳдуд шуда буд.
IRS дар мавриди вазъият тавзеҳ дод, ки шаби гузашта дар километри 67 - уми роҳи Душанбе - Чаноқ, ки 40 метр паҳноӣ ва 8 метр баландӣ дошт, фаромад, ки бартараф шуд.
Илова бар ин, дар километри 79- ум низ бо паҳноии 30 ва баландии 4 метр тарма фаромада, дар муддати бениҳоят кӯтоҳ бартараф гардид, афзуд манбаъ.
Электрообогреватель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.01.2023
КҲФ: Дар сардиҳо қоидаҳои бехтарии сӯхторро риоя намоеду неруи барқро сарфа кунед
Ширкат аз ронандагон даъват намудаст, ки пеш аз сафар ҳатман ба ҳолати техникии автомобилҳояшон, аз ҷумла ба талаботи хоси мавсими сармо таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, то зимни сафар ба мушкил мувоҷеҳ нагарданд.
Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон низ ба ронандагон тавсия додаст, ки чархҳои тобистонаро бо зимистона иваз кунанду низоми гармкунии мошинро бадиққат санҷанд.
Пеш аз сафар бо худ қисмҳои эҳтиётии заруриро гирифта, дар бордони мошинат бояд ҳатман сару либоси гарм, фонус, бели хурди сафарӣ, банд барои кашидани мошин, сӯзишвории эҳтиётӣ, гӯгирд, термос бо оби гарм дошта бошанд, омадааст дар тавсияҳои КҲФ.
IRS дар мавриди омодагиҳои худ гуфтааст, дар намояндагии Варзоб 44 адад техникаву механизми барои ин мавсим пешбинишуда, дар намояндагии Зарафшон 31 техникаи махсус ва дар намояндагии Суғд 43 адад техника барои фасли зимистон омода мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0