https://sputnik.tj/20230109/takhfifhoi-rohi-ohan-rusiya-tojikiston-1054074726.html
Тахфифҳои “Роҳи оҳани Русия” ба Тоҷикистон
Тахфифҳои “Роҳи оҳани Русия” ба Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
“Роҳи оҳани Русия” ба Тоҷикистон барои ҳамлу нақли як қатор борҳоро дар соли равон то 50 дарсад тахфифҳо пешниҳод кардааст.
2023-01-09T18:15+0500
2023-01-09T18:15+0500
2023-02-08T19:46+0500
дар тоҷикистон
роҳи оҳан
тахфиф
ҳамлу нақл
ҳамлу нақли бор
роҳи оҳани тоҷикистон
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101350/22/1013502272_0:276:3073:2004_1920x0_80_0_0_f0dbc72be86481d1841381c9ef9c7810.jpg
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Ширкати “Роҳҳои оҳани Россия” дар қатораҳо ба самти Тоҷикистон тахфиф эълон намуд, ки он дар соли равон амалӣ мегардад.Тавре сомонаи “РЖД -Partner.ru” хабар додааст, ширкати “Роҳҳои оҳани Россия” додааст, ки ин зимистон аз ҷониби ин ширкат якчанд пешниҳодҳои нави муфид пешниҳод шудааст.Таъкид карда шуд, ки барои сафар ба кишварҳои ҳамсоя тахфиф пешбинӣ гардидааст.Ширкати “Роҳи оҳани Русия” тахфифҳои ҷорӣ барои ҳамлу нақли як қатор борҳоро барои соли 2023, аз ҷумла 50 дарсад тахфифи ҳамлу нақли воридотӣ ба меваю сабзавоти Тоҷикистон ва Узбекистонро тамдид намуд.Бояд гуфт, ки сиёсати тахфифӣ нисбат ба қатораҳои яхдонӣ аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон татбиқ мешавад.Қаблан намояндаи тиҷоратии Россия Евгений Коренков гуфта буд, ки истеъмолкунандагони Русия ба маҳсулоти таҳти тамғаи “Made in Tajikistan” талаботи зиёд доранд.Ин маҳсулот зардолуи тару тоза ва хушк, ангур, олу, гелос ва малина ва омехтаҳои гуногуни меваҳои хушк мебошанд.
https://sputnik.tj/20221010/oghozi-intiqoli-kolohoi-eroni-afghoniston-rohi-ohan-1052023006.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101350/22/1013502272_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_2f79ef00247d0d89264d50594b0d137a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, роҳи оҳан, ҳамлу нақл, бор, тахфиф, роҳи оҳани тоҷикистон, русия
тоҷикистон, роҳи оҳан, ҳамлу нақл, бор, тахфиф, роҳи оҳани тоҷикистон, русия
Тахфифҳои “Роҳи оҳани Русия” ба Тоҷикистон
18:15 09.01.2023 (Навсозишуда: 19:46 08.02.2023) “Роҳи оҳани Русия” ба Тоҷикистон барои ҳамлу нақли як қатор борҳоро дар соли равон то 50 дарсад тахфифҳо пешниҳод кардааст.
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Ширкати “Роҳҳои оҳани Россия” дар қатораҳо ба самти Тоҷикистон тахфиф эълон намуд, ки он дар соли равон амалӣ мегардад.
Тавре сомонаи “РЖД -Partner.ru” хабар додааст, ширкати “Роҳҳои оҳани Россия” додааст, ки ин зимистон аз ҷониби ин ширкат якчанд пешниҳодҳои нави муфид пешниҳод шудааст.
Таъкид карда шуд, ки барои сафар ба кишварҳои ҳамсоя тахфиф пешбинӣ гардидааст.
“Иқдоми “Тоҷикистон. Пешакӣ ба нақша гиред” роҳандозӣ шудааст. Он то 28 декабри соли 2023 амал хоҳад кард”,- таъкид кардааст манбаъ.
Ширкати “Роҳи оҳани Русия” тахфифҳои ҷорӣ барои ҳамлу нақли як қатор борҳоро барои соли 2023, аз ҷумла 50 дарсад тахфифи ҳамлу нақли воридотӣ ба меваю сабзавоти Тоҷикистон ва Узбекистонро тамдид намуд.
Бояд гуфт, ки сиёсати тахфифӣ нисбат ба қатораҳои яхдонӣ аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон татбиқ мешавад.
Қаблан намояндаи тиҷоратии Россия Евгений Коренков гуфта буд, ки истеъмолкунандагони Русия ба маҳсулоти таҳти тамғаи “Made in Tajikistan” талаботи зиёд доранд.
Ин маҳсулот зардолуи тару тоза ва хушк, ангур, олу, гелос ва малина ва омехтаҳои гуногуни меваҳои хушк мебошанд.