https://sputnik.tj/20230109/sahm-danghara-tavlidot-sanoatii-khatlon-1054059868.html
Саҳми Данғара дар тавлидоти саноатии Хатлон чӣ қадар аст?
Саҳми Данғара дар тавлидоти саноатии Хатлон чӣ қадар аст?
Sputnik Тоҷикистон
Ноҳияи Данғара дар ҳоли табдилёбӣ ба яке аз марказҳои бузурги саноатии Тоҷикистон мебошад, ки феълан беш аз панҷяки тавлидоти саноатии Хатлонро фаро мегирад
2023-01-09T09:40+0500
2023-01-09T09:40+0500
2023-01-09T09:40+0500
дар тоҷикистон
саноат
истеҳсол
тавлид
зиёд шудан
данғара
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/10/1032462670_0:157:3073:1885_1920x0_80_0_0_b367d19cfd5460bf1c17964362b7eff7.jpg
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Шаҳри Норак, ки калонтарин нерӯгоҳи барқи обии Тоҷикистон дар он ҷойгир аст, аз рӯи саҳм дар ҳаҷми тавлидоти саноатии Хатлон пешсаф мебошад. Ба иттилои мақомоти Хатлон, ҳиссаи шаҳри Норак дар маҷмӯи умумии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ дар соли гузашта ба 24,6% баробар шудааст. Дар зинаи дуюм ноҳияи Данғара қарор дорад, ки 21,4% тавлидоти саноатии Хатлон ба ин ноҳия рост меояд. Ёвон, ки корхонаҳои азими масолеҳи сохтмонӣ дорад, ҳудуди 16,2% аз ҳаҷми маҳсулоти саноатии Хатлонро дар соли гузашта тавлид кардааст. Ҳиссаи Кӯшониён - 3,3%, Ховалинг - 3,1%, Левакант - 2,8%, Шаҳритус - 2,7%, Бохтар - 2,6% ва дар дигар шаҳру ноҳияҳо то 2,3% арзёбӣ мегардад. Ба иттилои мақомоти Хатлон, дар 11 моҳи соли 2022 корхонаҳои саноатии вилоят ба маблағи беш аз 9.5 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд. Ин дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2021 беш аз 1,3 млрд соомнӣ бештар мебошад. Таъкид шудааст, ки айни замон 716 корхона ва 892 соҳибкори инфиродӣ фаъолияти худро дар соҳаҳои истихроҷ, кӯҳкорӣ, сабук, масолеҳи сохтмонӣ, кимиё, дӯзандагӣ, истеҳсоли ришта ва нахи пахта ва дигар соҳаҳои саноати вилоят ба роҳ мондаанд.
https://sputnik.tj/20230108/kadr-sobiq-vaziri-sanoati-tojikiston-hal-1054059479.html
данғара
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/10/1032462670_174:0:2897:2042_1920x0_80_0_0_c1efef4a37287f52e649c6a701f7786e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
данғара, табдилёбӣ, ноҳия, саноатист
данғара, табдилёбӣ, ноҳия, саноатист
Саҳми Данғара дар тавлидоти саноатии Хатлон чӣ қадар аст?
Ноҳияи Данғара дар ҳоли табдилёбӣ ба яке аз марказҳои бузурги саноатии Тоҷикистон мебошад, ки феълан беш аз панҷяки тавлидоти саноатии Хатлонро фаро мегирад
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Шаҳри Норак, ки калонтарин нерӯгоҳи барқи обии Тоҷикистон дар он ҷойгир аст, аз рӯи саҳм дар ҳаҷми тавлидоти саноатии Хатлон пешсаф мебошад.
Ба иттилои мақомоти Хатлон, ҳиссаи шаҳри Норак дар маҷмӯи умумии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ дар соли гузашта ба 24,6% баробар шудааст.
Дар зинаи дуюм ноҳияи Данғара қарор дорад, ки 21,4% тавлидоти саноатии Хатлон ба ин ноҳия рост меояд.
Ёвон, ки корхонаҳои азими масолеҳи сохтмонӣ дорад, ҳудуди 16,2% аз ҳаҷми маҳсулоти саноатии Хатлонро дар соли гузашта тавлид кардааст.
Ҳиссаи Кӯшониён - 3,3%, Ховалинг - 3,1%, Левакант - 2,8%, Шаҳритус - 2,7%, Бохтар - 2,6% ва дар дигар шаҳру ноҳияҳо то 2,3% арзёбӣ мегардад.
Ба иттилои мақомоти Хатлон, дар 11 моҳи соли 2022 корхонаҳои саноатии вилоят ба маблағи беш аз 9.5 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд. Ин дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2021 беш аз 1,3 млрд соомнӣ бештар мебошад.
Таъкид шудааст, ки айни замон 716 корхона ва 892 соҳибкори инфиродӣ фаъолияти худро дар соҳаҳои истихроҷ, кӯҳкорӣ, сабук, масолеҳи сохтмонӣ, кимиё, дӯзандагӣ, истеҳсоли ришта ва нахи пахта ва дигар соҳаҳои саноати вилоят ба роҳ мондаанд.