Кадр намерасад: Собиқ вазири саноати Тоҷикистон мушкили кишвару роҳи ҳалро гуфт

© Sputnik / Дмитрий АстаховМужчина закрывает портфель, архивное фото
Мужчина закрывает портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.01.2023
Обуна шудан
Собиқ вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, ки феълан масъули бахши саноати Хатлон аст, мушкилоти соҳаю роҳҳои ҳалли онро баён дошт
ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Яке аз мушкилоти ҳалталаби саноати Тоҷикистон ин нарасидани мутахассисони соҳавӣ, барои таҳияи лоиҳаҳо, бизнес-планҳо, ба нақшагирӣ ва таҳияи дурнамо мебошад.
Ин нуктаро собиқ вазири саноати Тоҷикистон ва феълан ноиби раиси вилояти Хатлон, Заробиддин Файзуллозода дар суҳбат бо нашрияи "Хатлон" баён доштаст.
Вай барои ҳалли мушкилоти саноату пешрафти соҳа 6 нуктаро таъкид кардаст. Аз ҷумла ҳангоми сохтани корхонаҳо омӯхтани бозор оид ба талаботи маҳсулоти истеҳсолшаванда дар бозорҳои дохилӣ ва минтақавиро зарур хондаст.
Масъалаи дуюмро ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ҷавобгӯ будани маҳсулоти басту бандшаванда ва ба содирот нигаронидашуда унвон кардаст.
Цех на предприятия и ООО «Вахдат Текстиль» - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.01.2023
Тоҷикистон ният дорад ҳаҷми тавлиди саноатиро дар 5 соли оянда 2,5 баробар афзоиш диҳад
Ба роҳ мондани алоқаи зичи ҳамкорӣ байни вазорату кумитаҳои дахлдор ва молистеҳсолкунанда аз бандҳои муҳими дигар арзёбӣ шудаст. Аз байн бурдани назоратҳои пай дар пай дар корхонаҳои саноатӣ аз тарафи ташкилотҳои назоратӣ дар зинаи чорум қарор гирифтаст.
Дар минтақаҳо ташкил намудани марказҳои логистикӣ бо доштани сардхонаҳо, анборҳои нигаҳдории маҳсулотҳои саноатӣ ва равзанаи ягона аз бандҳои дигари рушди саноати кишвар гуфта шудаст.
Ташкил намудани марказҳои дорои машваратчиён оид ба додани тавсияи ҳуқуқӣ, ташкили корхона, гирифтани қарзи бонкӣ, лоиҳакашӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ аз пешниҳодҳои дигари Файзуллозода мебошад.

Вай таъкид намудаст, ки барои аз байн бурдани ин проблемаҳо, пеш аз ҳама, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳо, намояндагони вазорату идораҳо дар маҳал бояд бо мутахассисони варзида ва соҳавӣ таъмин каррда шаванд, ки онҳо ба ҳалли масъалаҳои бамиёномада мусоидат карда тавонанд.
Лентаи хабарҳо
0