Оғози омодагӣ ба мавсими баҳории даъвати наваскарон: нахуст ҳунар меомӯзонанд

© Сергей Аверин / Гузариш ба медиабонкПервые призывники в военном училище
Первые призывники в военном училище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2023
Обуна шудан
Мақомоти иҷроияи вилояти Хатлон барои иҷрои босифати нақшаи даъвати наваскарон дар мавсими баҳории имсола омодагиҳоро аллакай оғоз намудаанд
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Дар Хатлон қарори раиси вилоят дар бораи тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар даъвати баҳории соли 2023 қабул гардидааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон, комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо интихоб ва пуррасозии сафи даъватшавандагонро аз ҳисоби мутахассисони бахшҳои гуногун амалӣ мекунанд.
Аз ҷумла даъватшавандагон бо курсҳои кутоҳмуддати ронандагӣ барои Қувваҳои Мусаллаҳ ҷалб карда мешаванд.
Баргузории ин давраҳои омӯзишӣ дар сохторҳои Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Хатлон дар назар аст, ки на камтар аз 30%-и нақшаи даъвати баҳории соли 2023 амалӣ намуд.
Военный парад в Хороге по случаю приезда президента Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2022
Нархи хидмати аскарӣ дар Тоҷикистон боло меравад
Таъкид шудааст, ки маблағгузории ин курсҳо аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ таъмин карда мешавад.
Тибқи ин қарор, ҳамчунин, раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, барои на камтар аз 5%-и шумораи умумии даъватшавандагон ба хизмати аскарӣ бояд курсҳои кутоҳмуддати ошпаз, тракторчӣ, барқчӣ, кафшергар ва дигар ихтисосҳои барои қувваҳои мусаллаҳ зарурро ташкил намоянд.

Тавзеҳ дода шудааст, ки иқдоми мазкур бо мақсади ҷоннок намудани чорабиниҳои ҳарбию ватандӯстӣ ва мудофиавӣ, таъмини қувваҳои мусаллаҳи кишвар аз ҳисоби даъватшавандаҳо бо мутахассисони касбӣ амалӣ мегардад.
Лентаи хабарҳо
0