https://sputnik.tj/20230109/kissinjer-yagona-roh-sulh-ukraina-1054067109.html
Киссинҷер ягона роҳи расидан ба сулҳ дар Украинаро гуфт
Киссинҷер ягона роҳи расидан ба сулҳ дар Украинаро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Барои Русия қобили қабул нест, ки Эътилофи Атлантикаи шимолӣ дар 500-километрии шаҳри Маскав қарор гирад, изҳор дошт дипломати собиқадори ИМА
2023-01-09T13:55+0500
2023-01-09T13:55+0500
2023-01-09T13:56+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
амният ва мудофиа
украина
нато
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/0c/1049130032_0:133:2717:1661_1920x0_80_0_0_7a362d3c432cc27316760e22998eaedc.jpg
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Ягона роҳи расидан ба сулҳ дар Украина мақоми бетарафии ин кишвар аст, изҳор дошт собиқ котиби давлатии ИМА, Ҳенрӣ Киссинҷер. Ӯ ин нуктаро дар китобаш "Роҳбарӣ: шаш дарси стратегияи ҷаҳонӣ" баён доштааст, ки порчаҳои онро агентии "Foreign Affairs" иқтибос овардааст. Ба гуфтаи сиёсатмадор, Русия наметавонад иҷоза диҳад, ки Украина ба НАТО ворид шавад, зеро он гоҳ марзҳои ин паймон аз Маскав ҳамагӣ 500 километр дур хоҳад буд. Дипломат гуфтааст, ки дар ин замина роҳи ҳалли муноқишаи Украина дар даст кашидани азми Киев барои пайвастан ба НАТО ва мақоми бетарафии кишвар аст.Вай қаблан дар мавриди анҷоми буҳрони Украина изҳор дошта буд, ки 3 роҳи эҳтимолӣ вуҷуд дорад. Роҳи аввал назорати Русия ба қисми бештари Донбасс бо ноҳияҳои асосии саноатӣ ва кишоварзӣ ва соҳили Баҳри Сиёҳ мебошад, ки "пирӯзии Маскав" хоҳад буд, гуфт Киссинҷер.Дар ин сурат нақши Эътилофи Атлантики Шимолӣ - НАТО ҳалкунанда нахоҳад буд, изҳор доштаст ӯ.Роҳи дигар ба гуфтаи сиёсатмадори амрикоӣ талоши танг овардани Русия дар Қрим мебошад, ки бо шиддати даргирӣ меанҷомад.Шеваи сеюмро таҳлилгар бозгашт ба ҳолати 24 феврал, то оғози амалиёти низомии Русия дар Украина хонд. Баъди ин масоили ҳалношударо метавон дар музокирот баррасӣ кард. Вазъият эҳтимол то як муддат мавқуф гузошта шавад, илова намуд вай.
https://sputnik.tj/20230105/putin-erdughon-rusiya-muzokir-ukraina-omoda-1054014556.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/0c/1049130032_0:0:2717:2037_1920x0_80_0_0_baf818992b4bb953f9f32415ea4c4324.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
киссинҷер, роҳ, сулҳ, бозгашт, украина, амалиёт
киссинҷер, роҳ, сулҳ, бозгашт, украина, амалиёт
Киссинҷер ягона роҳи расидан ба сулҳ дар Украинаро гуфт
13:55 09.01.2023 (Навсозишуда: 13:56 09.01.2023) Барои Русия қобили қабул нест, ки Эътилофи Атлантикаи шимолӣ дар 500-километрии шаҳри Маскав қарор гирад, изҳор дошт дипломати собиқадори ИМА
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Ягона роҳи расидан ба сулҳ дар Украина мақоми бетарафии ин кишвар аст, изҳор дошт собиқ котиби давлатии ИМА, Ҳенрӣ Киссинҷер.
Ӯ ин нуктаро дар китобаш "Роҳбарӣ: шаш дарси стратегияи ҷаҳонӣ" баён доштааст, ки порчаҳои онро агентии "Foreign Affairs" иқтибос овардааст.
Ба гуфтаи сиёсатмадор, Русия наметавонад иҷоза диҳад, ки Украина ба НАТО ворид шавад, зеро он гоҳ марзҳои ин паймон аз Маскав ҳамагӣ 500 километр дур хоҳад буд.
Дипломат гуфтааст, ки дар ин замина роҳи ҳалли муноқишаи Украина дар даст кашидани азми Киев барои пайвастан ба НАТО ва мақоми бетарафии кишвар аст.
Вай қаблан дар мавриди анҷоми буҳрони Украина изҳор дошта буд, ки 3 роҳи эҳтимолӣ вуҷуд дорад.
Роҳи аввал назорати Русия ба қисми бештари Донбасс бо ноҳияҳои асосии саноатӣ ва кишоварзӣ ва соҳили Баҳри Сиёҳ мебошад, ки "пирӯзии Маскав" хоҳад буд, гуфт Киссинҷер.
Дар ин сурат нақши Эътилофи Атлантики Шимолӣ - НАТО ҳалкунанда нахоҳад буд, изҳор доштаст ӯ.
Роҳи дигар ба гуфтаи сиёсатмадори амрикоӣ талоши танг овардани Русия дар Қрим мебошад, ки бо шиддати даргирӣ меанҷомад.
Шеваи сеюмро таҳлилгар бозгашт ба ҳолати 24 феврал, то оғози амалиёти низомии Русия дар Украина хонд. Баъди ин масоили ҳалношударо метавон дар музокирот баррасӣ кард. Вазъият эҳтимол то як муддат мавқуф гузошта шавад, илова намуд вай.