Дарвозабони тоҷик - Бозмамадов ба тими аврупоӣ пайваст

© ФК "Истиклол"Футзалист Фируз Бозмамадов
Футзалист Фируз Бозмамадов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2023
Обуна шудан
Дарвозабони тими "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе ҳадди ақал дар як соли наздик фаъолияти варзишияшро дар бошгоҳи лаҳистонӣ идома хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Дарвозабони тими миллии футзали Тоҷикистон ва узви бошгоҳи “Истиқлол” Фирӯз Бозмамадов ба Аврупо меравад.
Бозигари 23-солаи тоҷик бо тими мини-футболи Лаҳистон "Спорт Полудне Ланкут", ки дар лигаи дуюми кишвар бозӣ мекунад, шартномаи ҳамкорӣ имзо кард.
Тарафҳо барои як сол бо имкони тамдиди он то як соли дигар шартнома бастааст. Вай ҳунарнамоии худро аз марҳилаи дуюми чемпионат, ки 15 январи соли 2023 оғоз мешавад, оғоз мекунад
"Ба дарвозабони ҷавону умедбахши кишвар дар идомаи фаъолияти варзишиаш барору комёбиҳо таманно дорем", - хабар медиҳад дафтари матбуоти тими "Истиқлол".
Сборная Таджикистана по дзюдо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2022
Пешниҳоди бозбинии куллии бахши варзиш дар Тоҷикистон: ба "табобат" ниёз дорад!
Маврид ба зикр аст, ки қаблан узви мунтахаби футзали Тоҷикистон ва бошгоҳи "Соро компания"-и шаҳри Душанбе Идрис Ёров низ ба ҳайати тими "Тюмен"-и Федератсияи Русия пайваст.
Интизор меравад, ӯ танҳо пас аз 24-уми январ баъди кушода шудани равзанаи зимистонаи гузаришҳо дар Суперлигаи Русия метавонад дар ин даста ҳунарнамоӣ кунад.
Инчунин Файзалӣ Сардоров, капитани тими "Соро комания" соли дуюм аст, ки беҳтарин футзалбози Тоҷикистон эътироф гардид, бо тими “Столица”-и Беларус шартномаи ҳамкорӣ имзо кардааст.
Лентаи хабарҳо
0