Камбуди барқ дар деҳоти Суғд боиси болоравии нархи ангишту ҳезум шуд

© Sputnik Машина с дровами в Согде
Машина с дровами в Согде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2022
Обуна шудан
Эксклюзив
Дар қатори ангишту ҳезум, нархи таппак ҳам, ки яке аз умдатарин маводи сӯхти фасли зимистон дар рустоҳои Тоҷикистон ба ҳисоб меравад гарон шудааст
ДУШАНБЕ, 21 дек – Sputnik. Ҳамасола бо фаро расидани фасли сармо бозори ин гуна маводи сӯхт дар рустоҳои Тоҷикистон гарм мешавад. Камбуди барқ боз ҳам бозори хариду фурӯши ин гуна маводи сӯхтро гармтар мекунад.
Сокинони рустонишини шимоли Тоҷикистон мегуянд, имсол ба фарқ аз соли гузашта қимати маводи сӯхт аз ҷумла ҳезуму таппак боло рафтааст.
Мирзосаид Юнусов, сокини ноҳияи Мастчоҳ мегуяд, қимати мошини ҳезум то 10 дарсад баланд шуда ба 1800 сомонӣ расидааст.
Ин ҳамсӯҳбати мо ҳамчунин иброз намуд, ки дар зимн нархи таппак (сӯзишворие, ки аз порӯи чорво омода мешавад) тағйир ёфтааст.
“Зимнан дар бозор арзиши як мошини (Газел ва ё Портер) таппак то 1300 сомонӣ баробар шудааст. Ин рақам дар муқоиса ба соли гузашта аз 100 сомонӣ зиёдтар аст” - иброз намуд, сокини ноҳияи Мастчоҳ.
Бино ба гуфти сокинон ҳоло қимати ангишт дигар навъ аз маводи сӯзишворӣ ҳам дар ин охирҳо баланд шудааст.
Лампы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2022
Ҳушдори Раҳмон, лимити барқ ва ҳамсояҳои ноором: октябр дар Тоҷикистон
Сафар Зоиров, як сокини деҳоти Ваҳдат дар ноҳияи Деваштич мегуяд, ҳоло арзиши тонаи ангишт ба 2600 сомонӣ боло рафтааст, чизе, ки то чанд вақти пеш бо нархи 1300 ва 1850 сомонӣ хариддорӣ кардан имконпазир буд.

“Дар шароити деҳотҷойҳо мардум аз бухориҳое, истифода мекунанд, ки тавассути ангишту ҳезуму таппак гарм карда мешаванд. Аз ҳамин лиҳоз нархи маводи сӯхт ҳарсол дар фасли сармо тағйир меёбад”- зикр кард Зоиров.

Дар ҳоле сокинон аз баландшавии нархи маводи сӯхт аз ҷумла ангишт таъкид мекунанд, ки чанде пеш мақомоти Тоҷикистон дар бораи афзоиши истихроҷи ангишт иттилоъ дода буданд.
Вазорати саноат ва технологияи нави Тоҷикистон ҳаҷми истихроҷи ангишт дар зарфи шаш моҳи соли ҷориро ба 852,9 ҳазор тон баробар донистаанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 102,3 ҳазор тон ва ё баробар 113,6 дарсад будааст.
Линии электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2022
Даромади Тоҷикистон аз фурӯши барқ эълон шуд
Ба иттилоъи ин ниҳод дар ҳудуди кишвар 13 корхонаи истихроҷи ангишт фаъолият мекунанд.
Сокинон мегуянд, ҳамасола бо фаро расидани фасли сармо ба хусус дар замоне, ки барқрасонӣ қатъ мешавад, нархи маводи сӯхт аз ҷумла ангишт ҳам гаронтар мешавад.
Бино ба гуфтаи сокинон зимнан дар рустоҳои Тоҷикистон маҳдудияти барқрасонӣ ҷорӣ буда, шабона аз соати 22: 00 то 05:00 субҳ ва рӯзона аз соати 09:00 то соати 15: 00 интиқоли барқ қатъ мегардад.
Лентаи хабарҳо
0