Миллионҳо доллар даромад аз фурӯши шираи камоли Тоҷикистон ба хориҷа

© Patrice78500 / Public domainГиёҳи маъруф ба шираи камол
Гиёҳи маъруф ба шираи камол - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.01.2023
Обуна шудан
Ҷамъоварию фурӯши шираи камол дар Тоҷикистон ҳаққи истисноии ширкатҳои маҳдуд буда, барои дигарон муомилоти он ҷавобгарии ҷиноӣ дар пай дорад
ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Аз вилояти Хатлон дар 11 моҳи соли 2022 беш аз 480 тон шираи камол, гиёҳи шифобахш ба хориҷи кишвар содир карда шудааст.
Дар ин бора мақомоти Хатлон иттилоъ дода, арзиши шираи камоли содиршударо ҳудуди 7 млн долллари амрикоӣ арзёбӣ намуданд.
Ҷамъоварию фурӯши шираи камол дар Тоҷикистон ҳаққи истисноии ширкатҳои маҳдуд буда, барои дигарон муомилоти он ҷавобгарии ҷиноӣ дар пай дорад.
Муомилоти шираи камол аз Тоҷикистон то соли 2008 озод буд. Шаҳрвандоне, ки ба майдонҳои гиёҳи камол дастрасӣ доштанд, мустақилона онро ҷамъ оварда, мефурӯхтанд ё содир мекарданд.
Опоры ЛЭП - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.01.2023
Даромади Хатлон аз фурӯши барқ ба хориҷа эълон шуд
Камол ё кумот растании худрӯи кӯҳист, ки шираи пояи он дору тайёр мекунанд. Дар Тоҷикистон метавон наздики 40 намуди ин гиёҳи шифобахшро пайдо намуд.
Феълан барои ҷамъоварии шираи камол — гиёҳи шифоҳӣ, ки дар кӯҳу саҳроҳои Тоҷикистон мерӯяд, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон иҷозат медиҳад.
Қаблан иттилоъ дода шуд, ки дар Тоҷикистон барои ҷамъоварии шираи камол танҳо ширкатҳои "Фароз" ва "Мину-фарм" иҷоза доранд.
Бар асоси Кодекси ҷиноӣ барои муомилоти ғайриқонунӣ бо шираи камол, ба миқдори калон, ҷарима ба андозаи аз ҳафтсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол пешбинӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0