https://sputnik.tj/20230107/prokuratura-ishtirok-shahrvandon-betartibi-qazoqistonro-rad-1054039337.html
Прокуратураи генералӣ иштироки шаҳрвандон дар бетартибиҳои Қазоқистонро қатъиян рад кард
Прокуратураи генералӣ иштироки шаҳрвандон дар бетартибиҳои Қазоқистонро қатъиян рад кард
Sputnik Тоҷикистон
Прокуратураи генералии Тоҷикистон иддаои иштироки тоҷикон дар нооромиҳои Қазоқистон дар оғози соли гузаштаро қатъиян рад кард
2023-01-07T15:40+0500
2023-01-07T15:40+0500
2023-01-07T15:40+0500
дар тоҷикистон
қазоқистон
бетартибӣ
прокуратура
прокуратураи генералӣ
рад
шаҳрвандон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102811/27/1028112761_0:5:1600:905_1920x0_80_0_0_3aafec65e98ef94b84afcc5d173190e8.jpg
ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Прокуратураи генералии Тоҷикистон иштироки шаҳрвандони Тоҷикистонро дар бетартибиҳои оммавии Қазоқистон қатъиян рад кард, иттилоъ додааст Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ.Прокуратураи генералии Тоҷикистон қайд кардааст, ки тибқи талаботи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ дар раванди тафтишоти пешакӣ ҷамоварии далелҳо, ки ба қатори онҳо муайян кардани шахсияти гумонбаршудагон, ҳолати саломатӣ (дар қайди диспансерҳои наркологӣ ва психоневрологӣ будан), ҳолати оилавӣ, мавҷудияти ҷои зисти доимӣ ва бақайдгирӣ дар он, хислатномаи шахс ва дигар маълумотҳо пешбинӣ шудааст.Ҳамин тавр Прокуратураи генералии Тоҷикистон иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бетартибиҳои оммавии Қазоқистон қатъиян рад кардааст.Қаблан дар маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи даст надоштани шаҳрвандони кишвар дар бетартибиҳои оммавии моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон хабар дода буданд.“Ҷониби Тоҷикистон расман аз ҷониби Қазоқистон дар бораи далелҳои иштироки шаҳрвандони кишвар дар рӯйдодҳои зикршуда маълумот нагирифтааст”, — таъкид карданд дар ВКХ ҶТ.Ёдовари мекунем, ки ахиран дар Парлумони Қазоқистон аз ҷониби Прокурори генералии Қазоқистон Берик Асилов дар бораи даст доштани шаҳрвандони дигар давлатҳо, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, дар бетартибиҳои оммавӣ, ки моҳи январи соли 2022 ба вуқӯъ пайвастаанд, изҳори назар карда буд.
https://sputnik.tj/20230106/dushanbe-tojikistoni-nooromi-qazoqiston-1054023417.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102811/27/1028112761_194:0:1406:909_1920x0_80_0_0_68b9a60c05c3d52bd73d79b3330b68a0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қазоқистон, прокуратураи генералӣ, шаҳрвандон, иштирок, иддао, тоҷикон, бетартибиҳо, нооромиҳо
тоҷикистон, қазоқистон, прокуратураи генералӣ, шаҳрвандон, иштирок, иддао, тоҷикон, бетартибиҳо, нооромиҳо
Прокуратураи генералӣ иштироки шаҳрвандон дар бетартибиҳои Қазоқистонро қатъиян рад кард
Прокуратураи генералии Тоҷикистон иддаои иштироки тоҷикон дар нооромиҳои Қазоқистон дар оғози соли гузаштаро қатъиян рад кард
ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Прокуратураи генералии Тоҷикистон иштироки шаҳрвандони Тоҷикистонро дар бетартибиҳои оммавии Қазоқистон қатъиян рад кард, иттилоъ додааст Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ.
Прокуратураи генералии Тоҷикистон қайд кардааст, ки тибқи талаботи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ дар раванди тафтишоти пешакӣ ҷамоварии далелҳо, ки ба қатори онҳо муайян кардани шахсияти гумонбаршудагон, ҳолати саломатӣ (дар қайди диспансерҳои наркологӣ ва психоневрологӣ будан), ҳолати оилавӣ, мавҷудияти ҷои зисти доимӣ ва бақайдгирӣ дар он, хислатномаи шахс ва дигар маълумотҳо пешбинӣ шудааст.
“Ба ҳолати моҳи январи соли 2023 ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз Прокуратураи генералии Қазоқистон вобаста ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ё дигар маълумоти марбута оид ба ҳодисаҳои болозикр ворид нагардидааст”,- изҳор доштааст Прокуратураи генералӣ.
Ҳамин тавр Прокуратураи генералии Тоҷикистон иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бетартибиҳои оммавии Қазоқистон қатъиян рад кардааст.
Қаблан дар маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи даст надоштани шаҳрвандони кишвар дар бетартибиҳои оммавии моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон хабар дода буданд.
“Ҷониби Тоҷикистон расман аз ҷониби Қазоқистон дар бораи далелҳои иштироки шаҳрвандони кишвар дар рӯйдодҳои зикршуда маълумот нагирифтааст”, — таъкид карданд дар ВКХ ҶТ.
Ёдовари мекунем, ки ахиран дар Парлумони Қазоқистон аз ҷониби Прокурори генералии Қазоқистон Берик Асилов дар бораи даст доштани шаҳрвандони дигар давлатҳо, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, дар бетартибиҳои оммавӣ, ки моҳи январи соли 2022 ба вуқӯъ пайвастаанд, изҳори назар карда буд.