https://sputnik.tj/20230106/dushanbe-tojikistoni-nooromi-qazoqiston-1054023417.html
Душанбе даст доштани тоҷикистониҳоро дар ошӯбҳои Қазоқистон рад кард
Душанбе даст доштани тоҷикистониҳоро дар ошӯбҳои Қазоқистон рад кард
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагиҳои дипломатию консулгарии Тоҷикистон дар Қазоқистон тасдиқи иддаои иштироки тоҷикон дар нооромиҳои оғози соли гузаштаро нагирифтаанд
2023-01-06T14:47+0500
2023-01-06T14:47+0500
2023-01-06T14:47+0500
дар тоҷикистон
тарҳ
қазоқистон
амният ва мудофиа
вазорати корҳои хориҷии тоҷикистон
рад
ошӯб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/16/1043035594_0:183:2995:1867_1920x0_80_0_0_36b91f5ad89463d3264b31147274b03e.jpg
ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар ошӯбҳои оммавии моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон даст надоранд. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот иттилоъ дод. Ба иттилои ин ниҳод, Тоҷикистон расман аз Қазоқистон дар бораи далелҳои иштироки шаҳрвандони ҶТ дар ҳаводиси оғози соли 2022 маълумот нагирифтааст. Таъкид шудааст, ки пас аз интишори иттилоъ дар расонаҳо дар мавриди иштироки тоҷикистониён дар нооромиҳои гузашта дар Қазоқистон мақомоти тоҷик дигарбора ин иддаро мавриди санҷиш қарор додаанд. Намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгарии Тоҷикистон дар Қазоқистон ба сохторҳои дахлдори кишвари ҳузурашон муроҷиат кардаанд ва далели иштироки тоҷикон дар ошӯбҳо тасдиқ нашудааст, иттилоъ дод ВКХ. Ин изҳорот дар пасманзари иддаои додситони кулли Қазоқистон, Берик Асилов нашр мешавад, ки рӯзи 5 январ дар парлумони кишвараш аз иштироки хориҷиҳо, аз ҷумла тоҷикистониён дар ошӯбҳои январӣ гуфта буд. Дар зимн Қазоқистон низ иштироки шаҳрвандонашро дар нооромиҳои Қазоқистон рад карда буд. Маврид ба зикр аст, ки ошӯбҳо дар Қазоқистон моҳи январи соли 2022 дар пасманзари болоравии нархи газ сурат гирифта, ба бетартибиҳою даргириҳои мусаллаҳона печиданд. Мақомоти Қазоқистон онро қасди табаддулоти давлатӣ хонданд, ки бо мусоидати мақомдорони баландпояи ҳукумат тарҳрезию омода шудаст.
https://sputnik.tj/20220819/patrushev-naqsha-tashkil-inqilob-ranga-tojikiston-1050817044.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/16/1043035594_131:0:2862:2048_1920x0_80_0_0_fc82bdf4b3ea50b8d144e2c733564a86.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рад, иддао, иштирок, тоҷикон, ошӯб, қазоқистон
рад, иддао, иштирок, тоҷикон, ошӯб, қазоқистон
Душанбе даст доштани тоҷикистониҳоро дар ошӯбҳои Қазоқистон рад кард
Намояндагиҳои дипломатию консулгарии Тоҷикистон дар Қазоқистон тасдиқи иддаои иштироки тоҷикон дар нооромиҳои оғози соли гузаштаро нагирифтаанд
ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар ошӯбҳои оммавии моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон даст надоранд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот иттилоъ дод.
Ба иттилои ин ниҳод, Тоҷикистон расман аз Қазоқистон дар бораи далелҳои иштироки шаҳрвандони ҶТ дар ҳаводиси оғози соли 2022 маълумот нагирифтааст.
Таъкид шудааст, ки пас аз интишори иттилоъ дар расонаҳо дар мавриди иштироки тоҷикистониён дар нооромиҳои гузашта дар Қазоқистон мақомоти тоҷик дигарбора ин иддаро мавриди санҷиш қарор додаанд.
Намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгарии Тоҷикистон дар Қазоқистон ба сохторҳои дахлдори кишвари ҳузурашон муроҷиат кардаанд ва далели иштироки тоҷикон дар ошӯбҳо тасдиқ нашудааст, иттилоъ дод ВКХ.
Ин изҳорот дар пасманзари иддаои додситони кулли Қазоқистон, Берик Асилов нашр мешавад, ки рӯзи 5 январ дар парлумони кишвараш аз иштироки хориҷиҳо, аз ҷумла тоҷикистониён дар ошӯбҳои январӣ гуфта буд.
"Шаҳрвандони хориҷӣ низ дар ширкат дар ошӯбҳои оммавӣ ва ҷиноятҳои дигар эътироф муттаҳам мешаванд. Дар миёни онҳо шаҳрвандони Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон низ ҳастанд", - гуфт Асилов.
Дар зимн Қазоқистон низ иштироки шаҳрвандонашро дар нооромиҳои Қазоқистон рад карда буд.
Маврид ба зикр аст, ки ошӯбҳо дар Қазоқистон моҳи январи соли 2022 дар пасманзари болоравии нархи газ сурат гирифта, ба бетартибиҳою даргириҳои мусаллаҳона печиданд. Мақомоти Қазоқистон онро қасди табаддулоти давлатӣ хонданд, ки бо мусоидати мақомдорони баландпояи ҳукумат тарҳрезию омода шудаст.