Мудири маорифи Фархор иваз шуд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаКабинет чиновника в Таджикистане
Кабинет чиновника в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.01.2023
Обуна шудан
Тибқи як фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархори кишвар Мудири нави маорифи ноҳия таъйин кард
ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо як фармоишаш ахиран Лутфулло Мирализодаро мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор таъйин намудааст, иттилоъ додааст вазорати маориф.
Таъкид шудааст, ки Лутфулло Мирализода 23-юми июни соли 1988 дар деҳаи Иттифоқи ҷамоати деҳоти Фархори вилояти Хатлон дар оилаи омӯзгор ба дунë омадааст.
Оқои Мирализода маълумоти миёнаи умумиро дар мактаби ҳамин деҳа гирифтааст.
Сипас, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро бо ихтисоси биология хатм намудаааст.
Зимние забавы  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2022
Таътили зимистона дар Тоҷикистон ва даъвати вазорати маориф аз волидон
Солҳои 2009-2010 ба ҳайси омӯзгори фанни химия ва биологияи муассисаи таҳсилоти миëнаи умумии 53-и ноҳияи Фархор ва солҳои 2010-2013 муовини директор оид ба корҳои тарбиявии муассисаи таҳсилоти миëнаи умумии рақами 53 кор кардааст.
Ҳамзамон солҳои 2013-2014 дар вазифаи муовини директор оид ба корҳои тарбиявии муассисаи таҳсилоти миëнаи умумии рақами 10-и ноҳияи Фархор, солҳои 2014-2016 мушовири кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор фаъолият намудааст.
Аз моҳи ноябри соли 2016 то 31-уми декабри соли 2022 ба унвони мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор фаъолияти назаррас доштааст.
Лентаи хабарҳо
0