Генерали собиқи НАТО замони созиш дар Украинаро пешгӯӣ кард

© Sputnik / Alexandr Kryazhev / Гузариш ба медиабонкФлаги России и Украины в зале, где пройдут переговоры
Флаги России и Украины в зале, где пройдут переговоры - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.01.2023
Обуна шудан
Музокирот миёни Маскав ва Киев тӯлонӣ хоҳад буд ва он бояд бо як миёнарави сурат гирад. Низомии мустаъфӣ ҳамзамон гуфтааст, ин афрод киҳо метавонанд бошанд
ДУШАНБЕ, 2 янв – Sputnik. Генерали собиқи НАТО Ҳанс-Лотар Домрес иддао дорад, ки Украина ва Русия тобистони соли ҷорӣ созиши оташбас хоҳанд баст.
Дар ин бора пойгоҳи хабарии Berliner Zietung гузориш медиҳад.
"Давоми соли 2023 оташбас хоҳад буд", - гуфт ӯ.
Низомии собиқ тахмин задааст, ки раванди оташбас аз моҳи феврал то май сурат хоҳад гирифт.
"Музокирот эҳтимол тӯлонӣ хоҳад буд, миёнарав лозим аст: шояд Дабири кулли СММ Гутерриш, раисиҷумҳури Туркия Эрдуғон ё сарвазири Ҳиндустон Модӣ - гарчанде ки ҳеҷ кас воқеан таҳмил намешавад", - гуфт генерали собиқи НАТО.
Раисҷумҳури Русия низ борҳо изҳор дошт, ки Маскав омода аст, бо ҳамаи иштирокчиёни ин раванд дар бораи баъзе натиҷаҳои қобили қабул гуфтушунид кунад, ин ҷониби дигар аст, ки музокиротро рад мекунад.
Ба гуфтаи Путин, Русия ҳамеша саъй кардааст, ки ҳама баҳсҳои ба миёномада бо роҳи сулҳомез, тавассути музокирот ҳал шаванд, аммо ҷониби дигар аз аввал аз роҳи низомӣ кор бурду Маскав водор шуд, барои ҳимояти мардум иқдом кунад.
Президент России Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин аз омодагии Маскав барои музокирот дар мавриди Украина гуфт
Вай афзуд, ҳама чиз бар асоси сиёсати мухолифони геополитикии Русия аст, ки ҳадафашон аз ҳам ҷудо кардани ФР мебошад.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Меркел: низоъ дар Украина бо гуфтушунид анҷом меёбад
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина", ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс сурат бигирад.
Лентаи хабарҳо
0