https://sputnik.tj/20230106/toshkand-rasman-amali-tolibho-izhori-nigaroni-1054021425.html
Тошканд расман аз тасмими толибҳо изҳори нигаронӣ кард
Тошканд расман аз тасмими толибҳо изҳори нигаронӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон изҳори умед кардааст, ки ҳукуматдорони нави Афғнистон тасмими худ дар бораи манъи таҳсили занонро бознигарӣ мекунанд
2023-01-06T13:15+0500
2023-01-06T13:15+0500
2023-01-09T11:50+0500
дар ҷаҳон
афғонистон
толиб
ӯзбекистон
маориф
таҳсил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102788/14/1027881466_0:0:1201:676_1920x0_80_0_0_fa2944532c2e0174d61e740e2804c53b.jpg
ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Манъи таҳсили занону духтарони Афғонистон дар муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла донишгоҳу донишкадаҳо боиси нигаронии Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон шуд. Дар ин бора ВУХ Ӯзбекистон бо нашри як изҳорот итттилоъ дода, изҳори умедворӣ кард, ки мақомоти Афғонистон тасмими худ дар бораи манъи таҳсили занонро бознигарӣ мекунанд. "Мо хабари манъи таҳсили занону духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии давлатӣ ва хусусии Афғонистонро бо нигаронии амиқ қабул кардем", - омадааст дар изҳороти Тошканд. Мақомоти Ӯзбекистонӣ изҳори умед намудаанд, ки толибҳо иродаашон барои бунёди ояндаи шукуфони кишварро нишон хоҳанд дод. "Ба бозбинии ин қарор чун нишонаи ҷонибдорӣ аз талоши мардуми Афғонистон барои бунёди ояндаи амну шукуфон умед дорем", - даъват намудааст ВУХ Ӯзбекистон. Пештар Вазорати таҳсилоти олии ҳукумати муваққати толибҳо бо интишори номае аз бастани дарвозаҳои донишгоҳҳо ба рӯи духтарон хабар дод. Ин иқдоми толибҳо вокунишҳои дохилӣ ва байналмилалиро ба дунбол дошт.Кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ аз толибон интиқод карданд ва хоҳони лағви мамнуъияти таҳсил барои духтарон дар донишгоҳ шудаанд.Дар вокуниш раҳбари ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Аҳмад Масъуд гуфт, дарвозаи сохтмони донишгоҳу мактабро метавон баста кард, аммо дари илму донишро наметавон баст.
https://sputnik.tj/20221225/mahdudiyati-digari-tolibho-baroi-zanon-dar-afghoniston-1053783336.html
афғонистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102788/14/1027881466_0:0:1065:799_1920x0_80_0_0_ca2642acdc244bd1bf16ea5320a65007.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тошканд, толибҳо, қарор, тағйир, даъват
тошканд, толибҳо, қарор, тағйир, даъват
Тошканд расман аз тасмими толибҳо изҳори нигаронӣ кард
13:15 06.01.2023 (Навсозишуда: 11:50 09.01.2023) Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон изҳори умед кардааст, ки ҳукуматдорони нави Афғнистон тасмими худ дар бораи манъи таҳсили занонро бознигарӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Манъи таҳсили занону духтарони Афғонистон дар муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла донишгоҳу донишкадаҳо боиси нигаронии Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон шуд.
Дар ин бора ВУХ Ӯзбекистон бо нашри як изҳорот итттилоъ дода, изҳори умедворӣ кард, ки мақомоти Афғонистон тасмими худ дар бораи манъи таҳсили занонро бознигарӣ мекунанд.
"Мо хабари манъи таҳсили занону духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии давлатӣ ва хусусии Афғонистонро бо нигаронии амиқ қабул кардем", - омадааст дар изҳороти Тошканд.
Мақомоти Ӯзбекистонӣ изҳори умед намудаанд, ки толибҳо иродаашон барои бунёди ояндаи шукуфони кишварро нишон хоҳанд дод.
"Ба бозбинии ин қарор чун нишонаи ҷонибдорӣ аз талоши мардуми Афғонистон барои бунёди ояндаи амну шукуфон умед дорем", - даъват намудааст ВУХ Ӯзбекистон.
Пештар Вазорати таҳсилоти олии ҳукумати муваққати толибҳо бо интишори номае аз бастани дарвозаҳои донишгоҳҳо ба рӯи духтарон хабар дод. Ин иқдоми толибҳо вокунишҳои дохилӣ ва байналмилалиро ба дунбол дошт.
Кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ аз толибон интиқод карданд ва хоҳони лағви мамнуъияти таҳсил барои духтарон дар донишгоҳ шудаанд.
Дар вокуниш раҳбари ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Аҳмад Масъуд гуфт, дарвозаи сохтмони донишгоҳу мактабро метавон баста кард, аммо дари илму донишро наметавон баст.