Раис вазир шуду муовини сарвазир раис: Давлаталӣ Саид раиси вилояти Хатлон таъйин шуд

© Фото : Центр Льва ГумилёваПервый вице-премьер Таджикистана Давлатали Саид
Первый вице-премьер Таджикистана Давлатали Саид - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.01.2023
Обуна шудан
Бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон собиқ раиси вилояти Хатлон ба вазифаи вазири кишоварзии Тоҷикистон таъйин шуд
ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Қурбон Ҳакимзода, ки чор соли охир раиси вилояти Хатлон буд, имрӯз бо як фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз вазифа озод гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Тибқи иттилои манбаъ, ба ҷои ӯ, ҳамакнун собиқ муовини якуми сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид раиси вилоят таъйин гардид.
Дафтари матбуоти Тоҷикистон хабар додааст, ки Қурбон Ҳакимзода вазири кишоварзии Тоҷикистон таъйин гардидааст.
Ҳоло маълум нест, ки Саъдӣ Каримзода, вазири кишоварзии ҳамакнун собиқ ба кадом вазифа таъйин шудааст.
Глава Нацбанка Таджикистана Джамшед Нурмахмадзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.01.2023
Манбаъ: Собиқ раиси Бонки миллӣ ба вазифаи раиси Кумитаи омор таъйин шуд
Қурбон Ҳакимзода рӯзи 14 январи соли 2019 ба вазифаи раиси вилояти Хатлон таъйин шуда буд.
Давлаталӣ Саид беш аз 9 сол, аз моҳи ноябри соли 2013, дар вазифаи муовини якуми сарвазири Тоҷикистон кор карда, бахши иқтисодии ҳукуматро роҳбарӣ мекард.
Ҳамзамон бо фармони раисҷумҳури кишвар Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуӯли аҳолӣ, ва раиси Кумитаи омори Тоҷикистнро барканор кард.
Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ Гулнора Ҳасанзода, собиқ раиси Кумитаи омор таъйин кард. Раиси ҷадиди Кумитаи омор Ҷамшед Нурмаҳмадзода собиқ раиси Бонки миллии Тоҷикистонро таъйин гардид.
Лентаи хабарҳо
0