Беҳтарин футболбозони Хатлон муайян шуданд

© Федерация футбола ТаджикистанаЦеремония награждения лучших футболистов в Хатлонской области
Церемония награждения лучших футболистов в Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.01.2023
Обуна шудан
Ахиран мақомоти Федератсияи футболи вилояти Хатлон беҳтаринҳои мавсими 2022-ро дар як маросими ботантана қадрдонӣ кард
ДУШАНБЕ, 5 янв – Sputnik. Федератсияи футболи вилояти Хатлон ахиран дар шаҳри Бохтар натиҷаи мавсими футболи гузаштаро ҷамъбаст карда, беҳтаринҳоро аз рӯйи номинаҳои гуногун муайян кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон
Раиси вилояти Хатлон, раиси Федератсияи футболи вилоят, узви Кумитаи иҷроияи ФФТ Қурбон Ҳакимзода, дар маросими ифтитоҳи ин чорабинӣ, изҳори умедворӣ кард, ки соли 2023 барои дастаҳои вилояти Хатлон боз ҳам пурсамару бобарор хоҳад буд.
Тибқии иттилои манбаъ, дар номинаҳои гуногун мукофотҳои инфиродӣ супорида шуданд.
Беҳтарин бозигарон ва мураббиёни футболи наврасону занона, чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаҳои олӣ ва якум, инчунин чемпионати ҷумҳурӣ миёни дастаҳои лигаи дуюми вилояти Хатлон мукофотонида шуданд.
Истиқбол аз тими миллии футболи Тоҷикистон дар фурудгоҳи Душанбе баъди гирифтани роҳхат ба ҶО - 2023 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2022
Иштирокдорони нимфинали Ҷоми Тоҷикистон дар риштаи футбол муайян шуданд
Дастаи “Ҳосилот”-и Фархор, ки дар мавсими 2022 ғолиби Лигаи якуми Тоҷикистон гардид, соҳиби медалҳои тилло шуд. Дастаи “Равшан”, ки дар Лигаи олии Тоҷикистон-2022 мақоми дувумро гирифт, бо медалҳои нуқраи чемпионат сарфароз шуд.
Илова бар ин ғолибону ҷоизадорони чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи дуюми вилояти Хатлон ҳам мукофотонида шуданд.
Дар ин минтақа ғолиби Лигаи дуюм дастаи “Шоҳин”-и ноҳияи Муъминобод гардид. Медалҳои нуқра ба бозигарони дастаи “Нури деҳот” (Панҷ) супорида шуда, медалҳои биринҷӣ насиби дастаи “Хуросон” гардиданд.
Лентаи хабарҳо
0