Иштирокдорони нимфинали Ҷоми Тоҷикистон дар риштаи футбол муайян шуданд

© Дафтари матбуоти ФФТИстиқбол аз тими миллии футболи Тоҷикистон дар фурудгоҳи Душанбе баъди гирифтани роҳхат ба ҶО - 2023
Истиқбол аз тими миллии футболи Тоҷикистон дар фурудгоҳи Душанбе баъди гирифтани роҳхат ба ҶО - 2023 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2022
Обуна шудан
Дар даври чорякниҳоӣ, ки рӯзҳои истироҳати гузашта баргузор шуд, тимҳои "Файзканд", КМВА, "Саройкамар" ва "Равшан"-и Кӯлоб шикаст хӯрданд
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Тимҳои "Истиқлол", "Эсхата", "Хатлон" ва "Кӯктош" ба даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022 баромаданд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, иштирокдорони нимфинал дар пайи ҷамъбасти бозиҳои даври чорякниҳоӣ дар рӯзҳои истироҳати гузашта муайян шуданд.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки дар чорякфинал тими "Файзканд" бо даста "Куктош" дар майдони "Нефтяник"-и ноҳияи Рӯдакӣ муқобили ҳам ба майдон омаданд.
Бозингари "Файзканд” Обама Арсен аллакай дар дақиқаи 9 ҳисобро боз кард, тимашро ба пеш баровард. Аммо дар дақиқаи 34-ум футболбози тими мизбон Худойдод Узоқов посухи нишонрас доду, ҳисоби бозиро баробар - 1:1 намуд. Узоқов дар нимаи дуюми бозӣ низ, дақиқаи 87-ум боз як голро ба ҳадаф расонда, ғалабаи дастаашро таъмин намуд.
Боксерские перчатки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2022
Бозиҳои осиёӣ марҳилаи омодагӣ ба олимпиада хоҳанд буд
Ҳамчунин тими "Эсхата" бар дастаи Клуби Марказии Варзишии Артиш - КМВА бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Дастаҳо дар майдони "Спартак"-и шаҳри Хуҷанд зӯрозмоӣ намуда, голи ягонаро Санҷар Рихсибоев дар аввали нимаи дуюм вориди дарвозаи рақиб кард.
Дастаи "Саройкамар"-и Панҷ дар бозии хонагӣ аз тими "Хатлон"-и Бохтар шикаст хӯрд. Тими меҳмон як голро вориди дарвозаи мизбонҳо намуд, ки ягона дар ин бозӣ шуд. Ягона голро Тоҳирҷон Тағойзода дар дақиқаи 80-ум зад.
Дар бозии охирини даври чорякфинал "Истиқлол" бар дастаи "Равшан"-и Кӯлоб бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Голро дар дақиқаи 15 Манучеҳр Ҷалилов ба ҳадаф расонд.

Кумитаи миллии олимпӣ афзуд, ки дар нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2022 дастаи "Истиқлол" бо "Эсхата" ва "Хатлон" бо "Куктош" зӯрозмоӣ хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0