Чаро парвози ҳавопаймо дар масири Душанбе - Челябинск ба таъхир афтод?

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкСамолет авиакомпании "Уральские авиалинии", архивное фото
Самолет авиакомпании Уральские авиалинии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.01.2023
Обуна шудан
Ҳавопаймо, ки бояд аз пойтахти Тоҷикистон ба фурудгоҳи вилояти Челябински Русия парвоз мекард, 13 соат ба таъхир афтод
ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Дар Душанбе парвози ширкати ҳавопаймоии русии "Уралские авиалинии" ба Челябинск барои 13 соат ба таъхир афтод.
Дафтари матбуоти ширкати "Уралские авиалинии" хабар дод, ки парвоз ба далели номусоидии обу ҳаво, яъне боридани барфи зиёд дар Челябинск дертар сурат гирифт.
Тибқи ҷадвали онлайнии фурудгоҳи Челябинск, парвози U6-2954 бояд рӯзи 3 декабр соати 02:25 меомад.
Задержки авиарейсов в аэропорту Шереметьево, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2022
Дар фурудгоҳҳои Маскав тақрибан 40 парвоз ба таъхир ва ё лағв шуд
Аммо фуруд 3 декабр соати 15:50 ба вақти маҳаллӣ фуруд омад.
Илова бар ин, ба иттилои фурудгоҳ, рӯзи 3 январ парвозҳо ба шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Сочи ва Новый Уренгой ба таъхир афтоданд. Якчанд парвоз аз Маскав, Санкт-Петербург ва Екатеринбург ба Челябинск дертар расиданд.
Рӯзҳои наздик низ чунин шароити номусоиди обу ҳаво пешгӯӣ мешавад. Бориши барфи зиёд дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0