Дар фурудгоҳҳои Маскав тақрибан 40 парвоз ба таъхир ва ё лағв шуд

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкЗадержки авиарейсов в аэропорту "Шереметьево", архивное фото
Задержки авиарейсов в аэропорту Шереметьево, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2022
Обуна шудан
Дар фурудгоҳҳои "Внуково", "Домодедово" ва "Шереметево" 20 парвоз ба таъхир афтод ва ҳамзамон 17 парвози дигар лағв шуд
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Дар се фурудгоҳи Маскав: "Внуково", "Домодедово" ва Шереметево" 20 парвоз ба таъхир афтоду 17 парвози дигар лағв карда шуд, хабар медиҳад хадамоти раводиди Яндекс.
Мувофики маълумот, соати 10:23 ба вақти Маскав дар фурудгоҳи "Внуково" шаш парвоз ба таъхир афтода, даҳ парвоз бекор карда шуд; Дар "Домадедово ҳашт парвоз ба таъхир ва як парвоз лағв шуд; дар "Шереметево" шаш парвоз ба таъхир афтоду шаш парвоз бекор карда шуд.
Михаил Леус, корманди пешбари маркази обу ҳавои Фобос гуфт, моҳи декабри соли ҷорӣ дар пойтахт аз меъёр боришот зиёд буд, аллакай 112 дарсад аз меъёри иқлимӣ боридааст.
Лағву ба таъхир афтодани парвозҳо маҳз ба боришоти зиёди барф дар Маскав рабт дорад.
Мужчина возле электронного табло вылетов в аэропорту, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2022
Таъхири парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон
Хадамоти шаҳрдорӣ ва роҳрӯбӣ дар пойтахти Русия ба реҷаи сангин фаъолият доранд, то ҳаракати роҳати худраву мусофиронро дар роҳҳо таъмин намоянд.
Маврид ба зикр аст, ки аз масирҳои ҳавоӣ Тоҷикистон аз ҳама зиёд бо Русия парвозҳои мустақими мунтазам дорад. Ин парвозҳо ба шаҳрҳои гуногуни Русия аз Душанбе, Кӯлоб ва Хуҷанд сурат мегиранд.
Теъдоди муҳоҷирони корие, ки барои беҳбуди зиндагӣ ҳамасола аз Тоҷикистон ба Русия бармегарданду баъдан ба Ватан бармегарданд, садҳо ҳазор нафар аз ҳарду тараф арзёбӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0