https://sputnik.tj/20230103/obu-havo-parvoz-sankt-peterburg-dushanbe-kulob-takhir-1053994806.html
Таъсири обу ҳаво: Парвозҳо аз Санкт-Петербург ба самти Душанбеву Кӯлоб ба таъхир афтоданд
Таъсири обу ҳаво: Парвозҳо аз Санкт-Петербург ба самти Душанбеву Кӯлоб ба таъхир афтоданд
Sputnik Тоҷикистон
Бориши барф дар минтақаҳои Русия ба кори фурудгоҳи Санкт-Петербург бори дигар тағйироти ҷиддӣ ворид кард: парвозҳо ба самти Душанбеву Кӯлоб ба таъхир афтоданд
2023-01-03T19:00+0500
2023-01-03T19:00+0500
2023-01-03T19:00+0500
дар тоҷикистон
санкт-петербург
парвоз
ҳавопаймо
таъхир
ба таъхир уфтод
душанбе
кӯлоб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/03/1053989795_0:114:3073:1842_1920x0_80_0_0_e1279d82f3452c5e8471471de5dba02d.jpg
ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Дар фурудгоҳи “Пулково” парвозҳои ширкати "Уралские авиалинии" аз Санкт-Петербург ба самти Душанбе ва ҳамчунин як парвоз ба самти Кӯлоб ба таъхир афтодааст.Аз ҷумла парвози ба таъхиратодаи SZ 204 ба пойтахти кишвар, ки аз сӯи ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”, соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ бояд анҷом дода мешуд ба вақти номаълум гузошта шудааст.Аз тоблои онлайнии фурудгоҳ бармеояд, ки ҳавопаймоҳо аз пойтахти шимолӣ Русия ба Тоҷикистон бо таъхир парвоз хоҳанд кард.Мо инчунин дар бораи парвози ҳавопаймои U6 2879 ёдовар мешавем, ки бояд соати 16:20 ба вақти маҳаллӣ парвоз кунад.Ҳавопаймои дуюми ба самти Кулоб, комилан лағв шудааст. Сухан дар бораи парвози ҳавопаймои U6 2877 меравад. Вақти парвоз соати 18:25 сабт шуда буд.Дар ҳар се ҳолат, то ҳол замони парвози нав ҳануз муайян карда нашудааст.Маълум аст, ки ҳавои барфӣ, рӯзи 3 январ дар аксари манотиқи Русия мушоҳида мешавад, ки боиси аз кор мондани фурудгоҳи Пулково шудааст.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар бораи ба таъхир афтодани парвози ду ҳавопаймои дигар U6 2953 ба самти Душанбе ва U6 2955 ба самти Хуҷанд хабар дода будем.
https://sputnik.tj/20230103/parvoz-havopaymo-masiri-dushanbe-chelyabinsk-takhir-1053987189.html
санкт-петербург
душанбе
кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/03/1053989795_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_c000c85096cec26ee444c5a132fca2e6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, парвозҳо, ба таъхир афтодан, ҳавопаймо, обу ҳаво, барф, санкт-петербург, пулково
тоҷикистон, парвозҳо, ба таъхир афтодан, ҳавопаймо, обу ҳаво, барф, санкт-петербург, пулково
Таъсири обу ҳаво: Парвозҳо аз Санкт-Петербург ба самти Душанбеву Кӯлоб ба таъхир афтоданд
Бориши барф дар минтақаҳои Русия ба кори фурудгоҳи Санкт-Петербург бори дигар тағйироти ҷиддӣ ворид кард: парвозҳо ба самти Душанбеву Кӯлоб ба таъхир афтоданд
ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Дар фурудгоҳи “Пулково” парвозҳои ширкати "Уралские авиалинии" аз Санкт-Петербург ба самти Душанбе ва ҳамчунин як парвоз ба самти Кӯлоб ба таъхир афтодааст.
Аз ҷумла парвози ба таъхиратодаи SZ 204 ба пойтахти кишвар, ки аз сӯи ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”, соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ бояд анҷом дода мешуд ба вақти номаълум гузошта шудааст.
Аз тоблои онлайнии фурудгоҳ бармеояд, ки ҳавопаймоҳо аз пойтахти шимолӣ Русия ба Тоҷикистон бо таъхир парвоз хоҳанд кард.
Мо инчунин дар бораи парвози ҳавопаймои U6 2879 ёдовар мешавем, ки бояд соати 16:20 ба вақти маҳаллӣ парвоз кунад.
Ҳавопаймои дуюми ба самти Кулоб, комилан лағв шудааст. Сухан дар бораи парвози ҳавопаймои U6 2877 меравад. Вақти парвоз соати 18:25 сабт шуда буд.
Дар ҳар се ҳолат, то ҳол замони парвози нав ҳануз муайян карда нашудааст.
Маълум аст, ки ҳавои барфӣ, рӯзи 3 январ дар аксари манотиқи Русия мушоҳида мешавад, ки боиси аз кор мондани фурудгоҳи Пулково шудааст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар бораи ба таъхир афтодани парвози ду ҳавопаймои дигар U6 2953 ба самти Душанбе ва U6 2955 ба самти Хуҷанд хабар дода будем.