Русиягиҳо барои саёҳати солинавӣ Тоҷикистонро интихоб кардаанд

© Sputnik / Алексей Майшев / Гузариш ба медиабонкЭлектронное табло, аэропорт Шереметьево
Электронное табло, аэропорт Шереметьево - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.01.2023
Обуна шудан
Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шабу рӯзҳои Соли нав ба яке аз самтҳои дастрастарин барои сайёҳони рус, баҳри гузаронидани рӯзҳои таътил табдил ёфтанд
ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Тоҷикистон ба як макони камхарҷ барои русҳо дар рӯзҳои таҷлили соли нав табдил ёфтааст.
Чунин маълумот аз пажӯҳиши хадамоти банақшагирии саёҳатҳои OneTwoTrip, бармеояд.
Ҳамин тариқ, сафар ба Душанберо 3,5 дарсади сайёҳони рус интихоб кардаанд, ки тасмим гирифтанд дар рӯзҳои таътили соли нав ба хориҷа бираванд.
Чиптаи сафар ба пойтахти Тоҷикистон аз Маскав 24,7 ҳазор рубл арзиш дорад.
Гиссарская крепость - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2022
Кишварҳои ИДМ хатсайри ягона барои саёҳат омода мекунанд
Сафар ба Ӯзбекистон ва Қирғизистон низ оммавӣ гардидааст.
Чиптаҳо ба Тошканд аз пойтахти Русия бо қимати 13,2 ҳазор ва ба Ӯш 12 ҳазор рубл фурӯхта шуданд.
Ин самтҳои истироҳатиро мутаносибан 3,7% ва 2,3% сайёҳони Русия интихоб кардаанд.
Бо вуҷуди ин, бояд қайд кард, ки беш аз нисфи русҳо барои сафар дар моҳи январ шаҳрҳои Русияро интихоб кардаанд.
Бештар онҳо ба парвозҳо ба Маскав ва Сочи таваҷҷӯҳ кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0