https://sputnik.tj/20220929/idm-khatsayr-safar-sayohat-1051750719.html
Кишварҳои ИДМ хатсайри ягона барои саёҳат омода мекунанд
Кишварҳои ИДМ хатсайри ягона барои саёҳат омода мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Хатсайри нав бешубҳа машҳуртарин мавзеъҳои фарҳангӣ ва таърихии кишварҳои ИДМ, аз ҷумла онҳое, ки ба Роҳи Абрешим шомиланд, дар бар мегирад
2022-09-29T09:33+0500
2022-09-29T09:33+0500
2022-09-29T09:33+0500
идм
сайру саёҳат
сайёҳӣ
дар тоҷикистон
фарҳанг
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102926/71/1029267162_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_86ec4e1b8fb4524d73be82d0db7f8ae0.jpg
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил якҷоя як хатсайри нави ягонаро барои саёҳат тавассути чанд кишвар омода мекунанд. Маълум аст, ки саёҳати байналхалқй "Гарданбанди гаронбаҳои Иттиҳод" ном дорад.Дар ин бора муовини раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Бекетҷон Ҷумахонов дар ҳошияи Конфронси II байналмилалии илмӣ-амалии "Дурнамои рушди сайёҳӣ дар шароити муосир: тамоюлҳои ҷаҳонӣ ва заминаҳои минтақавӣ", ки дар чаҳорчӯби Шӯрои сайёҳии ИДМ баргузор шуд, хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳар як кишвари ИДМ барои рушди сайёҳии дохилӣ ва табодули гардишҳои сайёҳӣ имконоти бузург вуҷуд дорад.Чунин лоиҳаи умумӣ, ба гуфтаи таҳиягарони он, на танҳо ба рушди сайёҳии дохилӣ, балки ба табодули гардишҳои сайёҳӣ байни кишварҳо мусоидат хоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, дар он ҳатман ёдгориҳои фарҳангӣ, ки ҷузъи Роҳи Абрешим мебошанд, шомил хоҳанд шуд. Ҳамин тариқ Беларус аллакай қалъаҳои Несвиж ва Мир, инчунин Беловежская пушаро, ки дар ҷаҳон машҳур аст, пешниҳод кардааст.
https://sputnik.tj/20220825/imzoi-sozishnomai-tojikistonu-uzbekiston-jalbi-sayyohon-1050926622.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102926/71/1029267162_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_34b8d5bdf1d3378ada61b07895c47d8e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кишварҳо идм хатсайр сафар саёҳат
кишварҳо идм хатсайр сафар саёҳат
Кишварҳои ИДМ хатсайри ягона барои саёҳат омода мекунанд
Хатсайри нав бешубҳа машҳуртарин мавзеъҳои фарҳангӣ ва таърихии кишварҳои ИДМ, аз ҷумла онҳое, ки ба Роҳи Абрешим шомиланд, дар бар мегирад
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил якҷоя як хатсайри нави ягонаро барои саёҳат тавассути чанд кишвар омода мекунанд.
Маълум аст, ки саёҳати байналхалқй "Гарданбанди гаронбаҳои Иттиҳод" ном дорад.
Дар ин бора муовини раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Бекетҷон Ҷумахонов дар ҳошияи Конфронси II байналмилалии илмӣ-амалии "Дурнамои рушди сайёҳӣ дар шароити муосир: тамоюлҳои ҷаҳонӣ ва заминаҳои минтақавӣ", ки дар чаҳорчӯби Шӯрои сайёҳии ИДМ баргузор шуд, хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳар як кишвари ИДМ барои рушди сайёҳии дохилӣ ва табодули гардишҳои сайёҳӣ имконоти бузург вуҷуд дорад.
"Ҳар як кишвари ИДМ бояд пешниҳодҳои худро омода кунад - на бештар аз даҳ чунин макони маъруфи сайёҳӣ, ки бештар аз он сайёҳон боздид мекунанд, ки ғановати фарҳангии кишварро пурратар ифшо мекунанд, то як лоиҳаи бузургро ба вуҷуд оранд",- гуфт ӯ.
Чунин лоиҳаи умумӣ, ба гуфтаи таҳиягарони он, на танҳо ба рушди сайёҳии дохилӣ, балки ба табодули гардишҳои сайёҳӣ байни кишварҳо мусоидат хоҳад кард.
Ба гуфтаи ӯ, дар он ҳатман ёдгориҳои фарҳангӣ, ки ҷузъи Роҳи Абрешим мебошанд, шомил хоҳанд шуд.
Ҳамин тариқ Беларус аллакай қалъаҳои Несвиж ва Мир, инчунин Беловежская пушаро, ки дар ҷаҳон машҳур аст, пешниҳод кардааст.