Эрон ваъда додааст, ки қотилони генерал Сулаймониро ҳатман муҷозот хоҳад кард

© APГенерал Касем Сулеймани
Генерал Касем Сулеймани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.01.2023
Обуна шудан
Бо гузашти се сол аз марги генерали аршади ронӣ Теҳрон ҳануз пайи таҳқиқи қазия аст буда, мегӯяд новобаста аз сангандозиҳои Ғарб омилонро муҷозот мекунад
ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Ҷониби Эрон саъй дорад, ки масъулони куштори генерали Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ (Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, як воҳиди элитаи Қувваҳои Мусаллаҳ) Қосим Сулаймонӣ ба ҷавобгарӣ кашида шавад.
Дар ин бора вазири умури хориҷа Ҳусейн Амирабдуллоҳиён изҳор дошт ва таъкид кард, ки барои ин Теҳрон аз тамоми роҳҳои мавҷудаи дипломатӣ ва сиёсӣ истифода мекунад.
"Мо то замоне, ки омилони қатли шаҳид Сулаймонӣ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, назоратро идома хоҳем дод. Тавассути сафорати Швейтсария дар Теҳрон мо дар бораи бархе аз чораҳо ИМА-ро огоҳ кардем. Як масъалаи муҳим ризоияти расмии ҳукумати Ироқ аст ва изҳороти расмии онҳо дар бораи он ки генерал Сулаймонӣ дар рӯзи маргаш меҳмони ҳукумати онҳо буд,” - иқтибос овардааст Tasnim аз гуфтаҳои Абдуллоҳиён.
Ӯ гуфт, тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд, аммо мутаассифона, ҳам амрикоиҳо ва ҳам ғарбиҳо дар пайгирии қонунии қазия санг мезананд ва монеа эҷод мекунанд, аммо дасти Ҷумҳурии Исломии Эрон баста нест.
Министр иностранных дел России Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2022
Лавров: Ғарб ҷаҳонро бо "таҳдиди эронӣ" метарсонад
"Дар баробари ин, чораҳои дигаре низ андешида шудаанд, ки наздик ба 60 мақоми дахлдори амрикоие, ки дар ин куштор даст доштаанд, дар феҳристи сиёҳи террористии ҶИЭ ҳастанд ва дар музокироти ахири Вена барои гуфтугӯҳо барои лағви таҳримҳо, яке аз масъалаҳое, ки амрикоиҳо мехостанд, аз рӯйхати сиёҳ хориҷ кардани ин мансабдорон буд буд", - афзуд мавсуф.
Шаби 3 январи соли 2020 дар натиҷаи амалиёти ИМА дар минтақаи Фурудгоҳи байналмилалии Бағдод генерали эронӣ, фармондеҳи нерӯҳои вижаи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон Қосим Сулаймонӣ ва чонишини раиси пулиси мардумии шиъиёни Ироқ Абу Маҳдй ал-Муҳандис кушта шуд.
Дар Вашингтон онҳоро дар ташкили ҳамла ба сафорати Амрико дар Бағдод, ки 31 декабри соли 2019 рух дод, муттаҳам мекарданд..
Дар посух, Эрон ба пойгоҳҳои Амрико дар Ироқ, аз ҷумла Айн ал-Асад зарба зад.
Сулаймонӣ аз аршадтарин низомиёни Эрон буд, ки тавоноии ҷангиву истихборотӣ ва дипломатияш бемисл буд. Мавсуф дар Ироқ ва Сурия барои саркӯби гуруҳҳои бедодгари террористӣ нақши густурда дошт.
Лентаи хабарҳо
0