Дар Ғарб асрори устувории иқтисоди Русияро ошкор карданд

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкЗдание Центрального банка РФ
Здание Центрального банка РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.01.2023
Обуна шудан
Иқтисоддон гуфт, ки чӣ тавр низоми иқтисодии Русия тавонист ба таҳримҳои Ғарб тоб оварад - таҷрибаи солҳои гузашта таъсир расонид
ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Устувории иқтисоди Русия дар замони таҳримоти ҷорикардаи Ғарб аз се омил вобаста буд.
Дар ин бора раҳбари Донишкадаи Аврупои Шарқии Мактаби иқтисодии Стокҳолм Торбёрн Беккер дар пахши телевизиони Шветсия SVT изҳори назар кард.
Ба гуфтаи ӯ, якум даромад аз фурӯши нафту газ аст. Он, ба гуфтаи Беккер, ҳанӯз хеле баланданд.
Дуввум омилро коршинос ба кори Бонки марказии Русия рабт дод, ки бомуваффақият ва дар як муддати кӯтоҳ бо мушкилоте, ки дар бахши молия пас аз ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи низоми бонкӣ ба миён омада буд, мубориза бурд.
Сабаби сеюм, ба гуфтаи иқтисоддон, таҷрибаи буҳронҳои қаблӣ буд.
Флаг Великобритании - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Сокинони Британия ҳукуматро барои оқибатҳои таҳрим алайҳи Русия мазамат карданд
Ҳамин тариқ, мутахассисони рус, ки мушкилоти бар асари таҳримҳо ба миён омадаро ҳал мекарданд, ба бӯҳронҳои муайяни иқтисодӣ дучор шуданд.
Муаллиф аз буҳрони соли 1998, буҳрони ҷаҳонии молии солҳои 2008-2009 ва ҳамчунин буҳрон ва поинравии шадиди қимати нафт дар соли 2014 ёдовар шудааст.
"Аз ин рӯ, ба як маъно, бахшҳои қтисодие, ки макроиқтисоди Русияро идора мекунанд, аз як қатор бӯҳронҳо гузаштаанд ва медонанд, ки барои коҳиш додани таъсири зарбаҳои таҳримӣ чӣ кор карда метавонанд", - гуфт коршинос.
Пас аз оғози амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина, кишварҳои ғарбӣ фишори таҳримот алайҳи Маскавро афзоиш доданд, аммо ин боиси афзоиши қимати сӯзишворӣ ва таваррум дар худи Ғарб шуд.
Тавре Владимир Путин қайд кард, сиёсати ҷилавгирӣ ва заъиф кардани Русия як стратегияи дарозмуддат барои ИМА ва муттаҳидонаш аст, аммо таҳримҳо ба тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ зарбаи ҷиддӣ заданд.
Ҳадафи аслии Ғарб, раиси ҷумҳури Русияро бад шудани зиндагии миллионҳо нафар унвон кард
Лентаи хабарҳо
0