https://sputnik.tj/20230101/davodavi-savdogar-sohibkoroni-tojikiston-1053967835.html
Даводави соҳибкорон дар Тоҷикистон камтару мустақилият бештар мешавад: қарори парлумон
Даводави соҳибкорон дар Тоҷикистон камтару мустақилият бештар мешавад: қарори парлумон
Sputnik Тоҷикистон
Парлумони Тоҷикистон ба қонунҳо дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандаҳо ва дар бораи савдою хизматрасонии маишӣ қабул кардаст, ҳадаф сабукӣ арзёбӣ мегардад
2023-01-01T19:30+0500
2023-01-01T19:30+0500
2023-01-01T19:30+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
савдо
кор
реҷа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102369/23/1023692358_0:151:2887:1775_1920x0_80_0_0_2c19205170512e6acfbcccb2aef541e1.jpg
ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Барои субъектҳои хоҷагидорӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистон расмиёти муайян кардани реҷаи корӣ сабук гардонда мешавад, хабар додаст нашрияи парлумонии "Садои мардум". Манбаъ аз қавли раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Саъдӣ Қодирзода овардааст, ки ҳадафи тағйирот ба қонун "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон" аз байн бурдани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта мебошад. Тавзеҳ дода шудаст, ки мувофиқи тағйирот, ба ваколати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мустақилона муқаррар намудани реҷаи кории объектҳои савдо, хизматрасонии маишӣ ва дигар намуди хизматрасонии аз ҷиҳати танзим муҳиме, ки номгӯи онҳо аз ҷониби ҳукумат тасдиқ шудааст, муқаррар мешавад.Инчунин муасисаҳои савдою хизматрасонӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки дар қисми 1-и моддаи 11 дарҷ нагардидаанд, аз ҷониби онҳо мустақилона муайян карда мешавад ва ба маълумоти истеъмолкунанда расонида шавад. Қодирзода муътақид аст, ки қабули санади мазкур сарбории субъектҳои хоҷагидорӣ ва сармоягузориро дар бобати гирифтани реҷаи корӣ аз байн бурда, муҳити мусоид ба фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар кишвар фароҳам мешавад. Инчунин таъкид намудаст, ки ин иқдом ҷолибияти Тоҷикистонро барои ҷалби сармоягузорӣ дар байни кишварҳои ҳамсоя бештар мегардонад.Дар ин робита тағйироти дахлдор ба қонуни Тоҷикистон "Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ" низ қабул гардиданд. Дар доираи ин тағйирот муқаррар шудааст, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мустақилона бе ҷалби субъектҳои хоҷагидор дар ҳудуди марзиву маъмурии дахлдор реҷаи кории бозорҳои давлатӣ ва ғайридавлатиро муқаррар намояд.
https://sputnik.tj/20221221/gardishi-savdo-viloyati-sughd-somoni-1053654617.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102369/23/1023692358_160:0:2727:1925_1920x0_80_0_0_5870b611b4197bd1e9ea7614586cd9cd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пешниҳод, сабукӣ, соҳибкорон, сармоягузорон
пешниҳод, сабукӣ, соҳибкорон, сармоягузорон
Даводави соҳибкорон дар Тоҷикистон камтару мустақилият бештар мешавад: қарори парлумон
Парлумони Тоҷикистон ба қонунҳо дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандаҳо ва дар бораи савдою хизматрасонии маишӣ қабул кардаст, ҳадаф сабукӣ арзёбӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Барои субъектҳои хоҷагидорӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистон расмиёти муайян кардани реҷаи корӣ сабук гардонда мешавад, хабар додаст нашрияи парлумонии "Садои мардум".
Манбаъ аз қавли раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Саъдӣ Қодирзода овардааст, ки ҳадафи тағйирот ба қонун "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон" аз байн бурдани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта мебошад.
Тавзеҳ дода шудаст, ки мувофиқи тағйирот, ба ваколати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мустақилона муқаррар намудани реҷаи кории объектҳои савдо, хизматрасонии маишӣ ва дигар намуди хизматрасонии аз ҷиҳати танзим муҳиме, ки номгӯи онҳо аз ҷониби ҳукумат тасдиқ шудааст, муқаррар мешавад.
Инчунин муасисаҳои савдою хизматрасонӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки дар қисми 1-и моддаи 11 дарҷ нагардидаанд, аз ҷониби онҳо мустақилона муайян карда мешавад ва ба маълумоти истеъмолкунанда расонида шавад.
Қодирзода муътақид аст, ки қабули санади мазкур сарбории субъектҳои хоҷагидорӣ ва сармоягузориро дар бобати гирифтани реҷаи корӣ аз байн бурда, муҳити мусоид ба фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар кишвар фароҳам мешавад.
Инчунин таъкид намудаст, ки ин иқдом ҷолибияти Тоҷикистонро барои ҷалби сармоягузорӣ дар байни кишварҳои ҳамсоя бештар мегардонад.
Дар ин робита тағйироти дахлдор ба қонуни Тоҷикистон "Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ" низ қабул гардиданд.
Дар доираи ин тағйирот муқаррар шудааст, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мустақилона бе ҷалби субъектҳои хоҷагидор дар ҳудуди марзиву маъмурии дахлдор реҷаи кории бозорҳои давлатӣ ва ғайридавлатиро муқаррар намояд.