https://sputnik.tj/20221231/rasonaho-turkiya-neruho-suriya-barorad-1053952059.html
Расонаҳо: Туркия розӣ шуд нерӯҳояшро аз Сурия барорад
Расонаҳо: Туркия розӣ шуд нерӯҳояшро аз Сурия барорад
Sputnik Тоҷикистон
Нашрияи “Al-Watan” навиштааст, ки мақомоти Туркия баъд аз музокироти Маскав розӣ шудааст нерӯҳояшро аз қаламрави Сурия барорад
2022-12-31T19:59+0500
2022-12-31T19:59+0500
2022-12-31T19:59+0500
сурия
туркия
димишқ
нерӯҳо
ихроҷ
артиш
маскав
музокира
сиёсат
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103003/72/1030037217_0:0:3097:1742_1920x0_80_0_0_c1fb2e377d115b5d0d2bdce953df9439.jpg
ДУШАНБЕ, 31 дек – Sputnik. Вазирони дифоъи Туркия, Сурия ва Русия дар Маскав дар мавриди хурӯҷи нерӯҳои Туркия аз қаламрави Сурия ба мувофиқа расиданд, навиштааст нашрияи “Al-Watan” бо такя ба манобеъ аз Димишқ.Ба гуфтаи яке аз мақомдорои Сурия, натиҷаи музокирот дар Маскав ин “ризоияти Туркия аз хурӯҷи комили нирӯҳо аз минтақаҳои шимолии Сурия, инчунин таъйиди Анкара истиқлолият ва якпорчагии Сурия буд".Манбаъ афзудааст, ки дар музокирот ҳамчунин рафти иҷрои қарордоди басташуда дар соли 2020 оид ба ифтитоҳи шоҳроҳи М4 баррасӣ шуд.Илова бар ин, музокиракунандагон таъкид карданд, ки созмонҳои Ҳизби Коргарии Курдистон, дар Туркия мамнӯъ "агентҳои Исроил ва Иёлоти Муттаҳида мебошанд ва барои Туркия ва Сурия аз ҳама бештар хатар доранд".Нашрия хулоса кардааст, ки барои таъмини иҷрои тавофуқоти ҳосилшуда таъсиси комиссияҳои тахассусӣ дар назар аст ва дар ҳолати зарурӣ ҷонибҳо барои ҳамоҳангсозии иқдомҳои минбаъдаи худ музокироти нав баргузор мекунанд.Ёдовар мешавем 28 декабр дар Маскав гуфтушуниди вазирони дифои се кишвар баргузор гардид. Ин нахустин мулоқоти расмии намояндагони Анкара ва Димишқ дар 11 соли ахир буд.Тавре вазорати дифои Русия дар пайи мулоқот изҳор дошт, ҷонибҳо хусусияти созандаи муколама ва зарурати идомаи онро ба хотири ба эътидол овардани минбаъдаи вазъ дар Сурия ва дар маҷмӯъ минтақа қайд карданд.
https://sputnik.tj/20221228/turkiya-erdughon-joiza-sulh-nobel-peshbari-1053862477.html
сурия
димишқ
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103003/72/1030037217_366:0:3097:2048_1920x0_80_0_0_bee8e1facdd22728fb8fc7bc15f3726c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
туркия, сурия, русия, хуруҷ, нерӯҳо, димишқ, музокирот, сулҳ
туркия, сурия, русия, хуруҷ, нерӯҳо, димишқ, музокирот, сулҳ
Расонаҳо: Туркия розӣ шуд нерӯҳояшро аз Сурия барорад
Нашрияи “Al-Watan” навиштааст, ки мақомоти Туркия баъд аз музокироти Маскав розӣ шудааст нерӯҳояшро аз қаламрави Сурия барорад
ДУШАНБЕ, 31 дек – Sputnik. Вазирони дифоъи Туркия, Сурия ва Русия дар Маскав дар мавриди хурӯҷи нерӯҳои Туркия аз қаламрави Сурия ба мувофиқа расиданд, навиштааст нашрияи “Al-Watan” бо такя ба манобеъ аз Димишқ.
Ба гуфтаи яке аз мақомдорои Сурия, натиҷаи музокирот дар Маскав ин “ризоияти Туркия аз хурӯҷи комили нирӯҳо аз минтақаҳои шимолии Сурия, инчунин таъйиди Анкара истиқлолият ва якпорчагии Сурия буд".
Манбаъ афзудааст, ки дар музокирот ҳамчунин рафти иҷрои қарордоди басташуда дар соли 2020 оид ба ифтитоҳи шоҳроҳи М4 баррасӣ шуд.
Илова бар ин, музокиракунандагон таъкид карданд, ки созмонҳои Ҳизби Коргарии Курдистон, дар Туркия мамнӯъ "агентҳои Исроил ва Иёлоти Муттаҳида мебошанд ва барои Туркия ва Сурия аз ҳама бештар хатар доранд".
Нашрия хулоса кардааст, ки барои таъмини иҷрои тавофуқоти ҳосилшуда таъсиси комиссияҳои тахассусӣ дар назар аст ва дар ҳолати зарурӣ ҷонибҳо барои ҳамоҳангсозии иқдомҳои минбаъдаи худ музокироти нав баргузор мекунанд.
Ёдовар мешавем 28 декабр дар Маскав гуфтушуниди вазирони дифои се кишвар баргузор гардид. Ин нахустин мулоқоти расмии намояндагони Анкара ва Димишқ дар 11 соли ахир буд.
Тавре вазорати дифои Русия дар пайи мулоқот изҳор дошт, ҷонибҳо хусусияти созандаи муколама ва зарурати идомаи онро ба хотири ба эътидол овардани минбаъдаи вазъ дар Сурия ва дар маҷмӯъ минтақа қайд карданд.