Туркия Эрдуғонро ба ҷоизаи сулҳи Нобел пешбарӣ кард

© POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент Турции Реджеп Тайип Эрдоган
Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2022
Обуна шудан
Парлумони Туркия Эрдуғонро барои талошаш дар барқарорсозии сулҳ дар қаламрави Украина ба ҷоизаи сулҳи Нобел пешбарӣ кард
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Раиси Маҷлиси бузурги миллии Туркия Мустафо Шентоп гуфт, ки номзадии раисиҷумҳур Тайиб Эрдуғонро барои талошҳояш дар ҳалли бӯҳрони Украина, ба ҷоизаи сулҳи Нобел пешбарӣ кардааст.
“Ман раисиҷумҳур Эрдуғонро барои талошҳояш барои сулҳ миёни Русия ва Украина ба ҷоизаи сулҳи Нобел пешбарӣ кардам. Ман санади дахлдорро равон кардам. Дархостҳо аз кишварҳои дигар ироа хоҳад шуд", - навиштааст рӯзномаи “Стар” ба қавл аз оқои Шентоп.
Ёдовар мешавем, ки раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон пас аз сар задани низоъ дар Украина борҳо ба Киев барои ҳалли низоъ кумаки миёнаравӣ пешниҳод кардааст.
Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.12.2022
Эрдуғон: Ғарб ҳеч талоше барои сулҳ дар Украина накарда истодааст
Ҳамин тавр, дар охири моҳи март Истанбул минбари музокироти Маскав ва Киев шуда буд ва дар моҳи июл бо иштироки Туркия созишномаи содироти ғалла аз бандарҳои Украинаро ба имзо расониданд.
Эрдуғон ҳамчунин пешниҳод кард, ки музокироти мустақим байни президентҳои Русия ва Украина Владимир Путин ва Владимир Зеленский ташкил шавад.
Лентаи хабарҳо
0