https://sputnik.tj/20221231/rahmon-rushdi-ustuvor-iqtisodi-milli-tamin-1053950961.html
Раҳмон: Рушди устувори иқтисоди миллӣ ба андозаи 8 фоиз таъмин гардид
Раҳмон: Рушди устувори иқтисоди миллӣ ба андозаи 8 фоиз таъмин гардид
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар пайёми солинавиаш бо вуҷуди таъсири манфии буҳрони иқтисодиву молиявӣ рушди иқтисоди миллиро устувор донист
2022-12-31T14:00+0500
2022-12-31T14:00+0500
2022-12-31T14:00+0500
дар тоҷикистон
рушд
иқтисод
эмомалӣ раҳмон
раисҷумҳур
буҳрон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/1c/1053857620_263:85:2597:1398_1920x0_80_0_0_cb694d3b9627b09871dbf7014b3df3e9.jpg
ДУШАНБЕ, 31 дек – Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон дар пайёми солинавиаш гуфт, бо вуҷуди таъсири манфии буҳрони иқтисодиву молиявӣ ва дар шароити бисёр мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир дар соле, ки сипарӣ гардида истодааст, рушди устувори иқтисоди миллӣ ба андозаи 8 фоиз таъмин гардид.Вай гуфт, ки ин нишондиҳандаҳо яке аз беҳтаринҳо мебошад.Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки бори аввал дар таърихи Тоҷикистон истеҳсоли неруи барқ беш аз 21 миллиард киловат – соатро ташкил дод.Ҳамзамон зикр гардид, ки бо мақсади ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолӣ кишоварзони мамлакат аз имкониятҳои мавҷуда, бахусус, обу замин самаранок истифода карда, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро афзоиш доданд ва ҳаҷми онро ба зиёда аз 48 миллиард сомонӣ расониданд.Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон қайд кард, ки вазъи роҳҳои мошингард беҳтар гардид ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар доираи 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ корҳои таҷдиду сохтмони инфрасохтори нақлиётӣ идома ёфтанд.Вай илова кард, ки ҳукумати кишвар дар давоми соли 2022 талошҳои худро барои беҳтар кардани шароити зиндагии шоистаи сокинон равона карда, бо истифода аз захираву имкониятҳои мавҷуда барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ – илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, ҷавонону занон ва дастгирии табақаҳои ниёзманду осебпазири ҷомеа як силсила тадбирҳоро амалӣ намуд.
https://sputnik.tj/20221231/rahmon-mardumi-soli-nav-sozanda-obodgarona-gustarish-1053950748.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/1c/1053857620_537:66:2489:1530_1920x0_80_0_0_7e23e0c299dc1b2f68da7e078ff0125b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, рушд, иқтисоди миллӣ, буҳрон, иқтисод, таъсир
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, рушд, иқтисоди миллӣ, буҳрон, иқтисод, таъсир
Раҳмон: Рушди устувори иқтисоди миллӣ ба андозаи 8 фоиз таъмин гардид
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар пайёми солинавиаш бо вуҷуди таъсири манфии буҳрони иқтисодиву молиявӣ рушди иқтисоди миллиро устувор донист
ДУШАНБЕ, 31 дек – Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон дар пайёми солинавиаш гуфт, бо вуҷуди таъсири манфии буҳрони иқтисодиву молиявӣ ва дар шароити бисёр мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир дар соле, ки сипарӣ гардида истодааст, рушди устувори иқтисоди миллӣ ба андозаи 8 фоиз таъмин гардид.
Вай гуфт, ки ин нишондиҳандаҳо яке аз беҳтаринҳо мебошад.
“Дар ин давра дар доираи ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар зиёда аз 500 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 43 миллиард сомонӣ расонида шуд”, - қайд кард ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки бори аввал дар таърихи Тоҷикистон истеҳсоли неруи барқ беш аз 21 миллиард киловат – соатро ташкил дод.
Ҳамзамон зикр гардид, ки бо мақсади ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолӣ кишоварзони мамлакат аз имкониятҳои мавҷуда, бахусус, обу замин самаранок истифода карда, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро афзоиш доданд ва ҳаҷми онро ба зиёда аз 48 миллиард сомонӣ расониданд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон қайд кард, ки вазъи роҳҳои мошингард беҳтар гардид ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар доираи 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ корҳои таҷдиду сохтмони инфрасохтори нақлиётӣ идома ёфтанд.
Вай илова кард, ки ҳукумати кишвар дар давоми соли 2022 талошҳои худро барои беҳтар кардани шароити зиндагии шоистаи сокинон равона карда, бо истифода аз захираву имкониятҳои мавҷуда барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ – илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, ҷавонону занон ва дастгирии табақаҳои ниёзманду осебпазири ҷомеа як силсила тадбирҳоро амалӣ намуд.