Раҳмон: Умедворам мардуми мо дар соли нав иқдоми созандаву ободгаронаро густариш медиҳанд

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.12.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солинавиаш таъкид кард, ки тамоми дастовардҳои кишвар самараи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 31 дек – Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон зимни ироаи паёми шодбошӣ ба муносибати Соли нави милодӣ мардуми Тоҷикистонро ва ҳамватанони бурунмарзиамонро бо фарорасии Соли нави табрик гуфта ба мардуми тоҷик тандурустиву хушбахтӣ, файзу баракати зиндагӣ ва ба Тоҷикистон пешрафту ободии боз ҳам бештар орзу кард.
Вай дар паёмаш қайд кард, ки соли сипаришудаистода мардуми Тоҷикистон 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олиро, ки наҷотбахши истиқлолияти давлатӣ мебошад, ботантана таҷлил намуд.
Вай гуфт, ки ин рӯйдоди бузурги таърихӣ нуқтаи оғози барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва ноил гардидан ба дастовардҳои имрӯзаи мо ба ҳисоб меравад.
“Воқеан, тамоми дастовардҳое, ки то имрӯз давлат ва мардуми тоҷик ба онҳо муяссар гардидаанд, самараи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ мебошанд”, - қайд кард Раҳмон.
Кишвардори Тоҷикистон изҳор намудааст, ки расидан ба чунин рӯзҳои орому осуда натиҷаи азму талошҳои содиқонаи мардуми тоҷик ва пуштибонии онҳо аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишвар мебошад.
Президент РФ В. Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2022
Паёми солинавии Путин ба Раҳмон: Ӯ аз гузаштаю ояндаи ҳамкориҳои Маскаву Душанбе гуфт
“Итминони комил дорам, ки мардуми ватандӯсти мо дар соли нави 2023 иқдомоти созандаву ободгаронаи худро барои пешрафти давлат, ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии ҳар як хонадони мамлакат боз ҳам тақвияту густариш мебахшанд”,- гуфт раҳбари Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон илова кард, ки ҷаҳони ноорому буҳронии имрӯза ҳар фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпараст, ҳимматбаланду саховатпеша ва кулли мардуми кишварро водор месозад, ки тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳифзи истиқлолу озодӣ, рушду тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ободии кишвар сафарбар созанд.
“Бовар дорам, ки ҳамаи мо дар ҳамбастагӣ минбаъд низ дар ҷодаи таъмин намудани зиндагии босаодати халқамон ва дастовардҳои нав қадамҳои устувор мегузорем”, - илова кард Эмомалӣ Раҳмон.
Лентаи хабарҳо
0