Паёми солинавии Путин ба Раҳмон: Ӯ аз гузаштаю ояндаи ҳамкориҳои Маскаву Душанбе гуфт

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмон
Президент РФ В. Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия муносиботи Душанбею Маскав дар соли 2022-ро арзёбӣ карда, омодагияшро барои таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷониба баён доштаст
ДУШАНБЕ, 30 дек – Sputnik. Раисҷумҳури Русия, Владимир Путин, ҳамтои тоҷикистонияш, Эмомалӣ Раҳмонро бо фарорасии Соли нав шодбош гуфт, хабар дод дафтари матбуоти Кремл.
Путин дар паёмаш аз соли сипаришавандаи 2022 барои муносиботи дуҷониби Тоҷикистону Русия зикр карда, дастовардҳоро ном бурдаст.
Вай таъкид намудаст, ки муносибот бо Тоҷикистон дар соли равон бо суръати баланд вусъат ёфтанд. Таъкид шудаст, ки равобити Душанбею Маскав руҳияи иттиҳодию стратегӣ дорад.
"Мунтазам муколамаи сиёсӣ дар ҳамаи сатҳҳо пеш мерафтанд. Лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо амалӣ шуданд", - омадааст дар иттилоия.
Президенти Русия афзудааст, ки Маскав ва Душанбе талошҳояшонро дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ҳамоҳанг мекарданд.
Ин ҳамоҳангию талошҳо барои мубориза бо таҳдиду хатарҳо буда, ҳадаф таъмини амнияти минтақавӣ мебошад, илова намудаст Путин.
Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, зимни ироаи паём ба парлумони Тоҷикистон дар соли 2022 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2022
Дӯстӣ бо ҳама: Раҳмон сиёсати Тоҷикистонро дар шароити низоъю мухолифатҳо баён дошт
Раисҷумҳури Русия омодагияшро барои идомаи ҳамкориҳои зич дар муносибатҳои дуҷониба ва байналмилалӣ баён доштааст.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Русия аз шарикони асосии стратегӣ ба шумор рафта, қисми аъзами тиҷорати хориҷии Душанбе низ ба ФР рост меояд.
Лентаи хабарҳо
0