Сабти 767 ҳодисаҳои фавқулодда дар як сол дар вилояти Суғд

© Саҳифаи "Телевизиони Тоҷикистон" дар шабакаҳои иҷтимоӣ Пайомадҳои сели харобиовар дар Панҷакент
Пайомадҳои сели харобиовар дар Панҷакент - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.12.2022
Обуна шудан
Раёсати КҲФ ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд дар бораи ҳодисаҳои фавқулоддаи табиӣ, ки дар вилоят дар як сол рух додааст, маълумот дод
ДУШАНБЕ, 31 дек – Sputnik. Ахиран Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд ва Комиссияи эвакуатсионӣ дар соли 2022 баргузор гардид.
Дар ин ҷаласа қайд гардид, ки дар соли равон дар ҳудуди вилоят 767 ҳодисаҳои фавқулоддаи хусусияти гуногундошта, 13 (сенздаҳ) ҳодисаҳои фавқулоддаи хусусияти табиидошта ба қайд гирифта шудааст.
Дар инҷаласа таъкид гардидааст, ки ҳодисаҳои фавқулоддаи табиӣ асосан дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Исфара, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ рух додааст.
Сел дар Даштак. Дарвоз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2022
Ба 136 оилаи аз офати табиӣ зарардида дар ноҳияи Фархор замин доданд
Ба иттилои Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохӯши фалокатовар дар давоми соли 2022 аз ҷониби сардорони бахшу шуъбаҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 73 вохӯриҳо ва корҳои таблиғотӣ бо аҳолии дар минтақаҳои хавфнок истиқоматдошта мунтазам гузаронида шудааст.
Дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Панҷакент, Конибодом, Шаҳристон, Айнӣ, Ашт, Кӯҳистони Мастчоҳ, Ҷ.Расулов, Спитамен, Мастчоҳ ва Б.Ғафуров корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, барқарор намудани садҳои муҳофизатӣ, тоза намудани каналҳо ва заҳбуру заҳкашҳо гузаронида шуда, корҳо дар ин самт идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0