Ба 136 оилаи аз офати табиӣ зарардида дар ноҳияи Фархор замин доданд

© Фото : Группа "Дарвоз" в социальной сети Facebook Сел дар Даштак. Дарвоз
Сел дар Даштак. Дарвоз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2022
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон ба 136 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Сурхоби Ҷамоати деҳоти Хутан қитъаи замини наздиҳавлигӣ доданд
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Бино ба иттилои маркази матбуотии ҳукумати ноҳияи Фархор, ахиран дар асоси дастуру супоришҳои президенти кишвар ва бо ибтикори мақомоти ноҳияи Фархор ба 136 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Сурхоби Ҷамоати деҳоти Хутан қитъаи замини наздиҳавлигӣ тақсим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки 6 июни соли 2019 бо сабаби боридани борони шадид ва омадани сел дар деҳаи Сурхоб 212 хоҷагӣ зарар дида буд.
Моҳи ноябри соли 2020 бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар канори деҳа, дар ҷойи бехавфу хатар барои хоҷагиҳое, ки хонаҳои истиқоматиашон пурра ва қисман зарар дида буданд, 25 хонаи истиқоматӣ бо тарҳи замонавӣ сохта, ба сокинони аз ин офат зарардида ва ниёзмандон туҳфа карда шуданд.
Лагерь для жертв стихийных бедствий в Рогуне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.12.2021
Оҷонсии Оқохон барои осебдидагони офати табиӣ дар Тоҷикистон паногоҳ бунёд кард
Ёдрас менамоем, ки чанде пеш дар ноҳияи Вахш ба 14 хонаводаи аз сел зарардида калиди хона ҳадя шуд.
Ба навиштаи ӯ, дар маросими супоридани калиди хонаҳо раиси ин вилоят Қурбон Ҳакимзода иштирок намуд. Хонаҳои бунёдёфта 3-4-ҳуҷраӣ буда, бо тамоми шароити зарурӣ таъмин мебошанд.
Манбаъ меафзояд, Ҳакимзода аснои супоридани калид ба соҳибони хонаҳои навбунёд саломативу хушбахтӣ таманно кард.
Лентаи хабарҳо
0