Таҷлили садсолагии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Минск - видео

Обуна шудан
Дар шаҳри Минск бахшида ба 100-солагии ташкил ёфтани Иттиҳоди Шӯравӣ роҳпаймоӣ баргузор шуд, ки дар он намояндагони ҳизбҳову ташкилотҳои чамъиятӣ ҷамъ омаданд
Ин раҳпаймоӣ дар майдони истиклолият пойтахти Беларус дар назди мучассамаи Ленин сурат гирифт.
Намояндагони Ҳизби коммунисти Белорус ва як қатор ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар Минск ба муносибати 100-солагии ташкил ёфтани Иттиҳоди Шӯравӣ оҳпаймоӣ баргузор карданд.
Дар назди муҷассамаи Ленин, ки дар майдони Истиқлол дар маркази шаҳри Минск ҷойгир аст, маросими гузоштани гулчанбаргузорӣ сурат гирифт, ки баъд аз он иштирокчиён ба майдони Октябрь рафтанд.
Чорабинӣ бо мақомоти шаҳр мувофиқа шудааст.
Даъвати муфтии Қафқози шимолӣ барои ифтихор аз таърихи Иттиҳоди Шӯравӣ
Иштироккунандагон бо байрақхо ва аксҳову шиорҳо дар кӯчаҳо ҳаракат мекард, ки барои ронандагон мушкиле ба вучуд наовард.
Бисьёр одамон дар даст байракхои давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ ва нусхаҳои байрақи Ғалабаро дар даст доштанд. Нафароне ҳам буданд, ки аксҳои падарону бобоҳояшонро, ки дар Чанги Бузурги Ватанй иштирок доштанд, дар даст доштанд.
Роҳпаймои ба муносибати 100-солагии ташкили Иттиҳоди дар назди Қасри иттифоқи касаба давом ёфт.
Даргузашти танҳо сарбози бозмондаи артиши Шӯравӣ дар Ҳирот - акс
Иттиҳоди Шӯравӣ 30 декабри соли 1922 ташкил ёфта буд.
Иттиҳоди Шӯрави 8 декабри соли 1991, баъд аз имзои созишномаи Беловеж аз сӯйи Русия, Украина ва Беларус аз байн рафт. Ба ин санад аз Беларус Вячеслав Кебич ва Станислав Шушкевич, аз Русия Борис Елсин ва Геннадий Бурбулис ва аз Украина Леонид Кравчук ва Витолд Фокин имзо гузоштанд.
26 декабри соли 1991 Шӯрои Олии ИҶШС дар бораи қатъи мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ эъломия қабул кард.
Лентаи хабарҳо
0