Табрикномаи ғалатии сафири Афғонистон дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевПосол Афганистана в Таджикистане Мухаммад Захир Агбар
Посол Афганистана в Таджикистане Мухаммад Захир Агбар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2022
Обуна шудан
Сафорати Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар Душанбе ба намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ як баргаи табрикотии маънодоре барои Соли Нав ирсол кардааст
ДУШАНБЕ, 30 дек – Sputnik. Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар Душанберо ба Соли нави милодӣ табрик кард.
Муҳаммад Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, сафорат Соли Навро барои тамоми сафорату намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ табрик гуфта, аз ин ки самимона аз мардуми Афғонистон ҳимоят кардаанд ва ба режими Толибон машрӯъият надодаанд, изҳори ташаккур мекунад.
“Алорағми чолишҳое, ки ҷаҳон дар соли гузашта бо он рӯбарӯ будааст, умедворем битавонем бар тафовутҳои худ ғалаба кунем ва дунёе беҳтар барои наслҳои оянда бисозем. Умедворем, ин таътилотро дар канори азизонашон бигузарононанд ва соли пурбаракат барояшон орзумандем”, - гуфт Зоҳир Ағбар.
Дар рӯйи барга акси духтарони Афғонистон ҷой дода шудааст, ки пушти панҷараи атрофи донишгоҳи басташудаашон истодаанд.
Афганская женщина. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2022
Бидуни имдодгарони зан кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон имконпазир нест
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон дар шарҳи ин акс гуфт, паёми он барои дӯстони байнулмилалии Афғонистон ин аст, ки ба мушкили мардумаш бештар таваҷҷӯҳ кунанд.
“Мо умедворем, ки ҷомиаи байнулмилалӣ масоили ҳуқуқи инсон, бахусус, таҳсили духтарон дар Афғонистон таваҷҷӯҳ дошта бошад, зеро мо танҳо кишваре ҳастем, ки дар он духтарон ҳаққи таҳсил надоранд”, - гуфт Зоҳири Ағбар.
Чанде қабл ҳукумати Толибон бо судури як фармон таҳсили духтарон дар мактабу донишгоҳҳои Афғонистонро қатъ кард ва эълон намуд, ки то фароҳам шудани шароит ва дуруст кардани барномаҳои таълим барои як давлати исломӣ ин вазъ идома хоҳад дошт.
Лентаи хабарҳо
0