https://sputnik.tj/20221207/vazir-omodagi-bemoriston-zimiston-1053332021.html
Пас аз ҳуҷуми зукоми мавсимӣ: Вазир омодагии бемористонҳоро санҷид
Пас аз ҳуҷуми зукоми мавсимӣ: Вазир омодагии бемористонҳоро санҷид
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустӣ мегӯяд, муассисаҳои тиббие, ки вазир аз онҳо боздид кардааст, пурра бо гармӣ таъмин буда, захираи кофии ғизо ва дору доранд
2022-12-07T09:01+0500
2022-12-07T09:01+0500
2022-12-07T13:59+0500
ҷамолиддин абдуллозода
вазорати тандурустӣ
дар тоҷикистон
душанбе
тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/06/1053331379_0:240:720:645_1920x0_80_0_0_b9d7be140db5dce5c4b5ea20f2fcfb82.jpg
ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, омодагии муассисаҳои тиббии шаҳри Душанберо ба зимистонгузаронӣ санҷид.Дар ин бора, хадамоти матбуотии вазорати тандурустӣ хабар дода меафзояд, ки вазир аз Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ва Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ дидан намудааст.Зимни боздид, Абдуллозода бо рафти фаъолияти муассисаҳои мазкур ошно шуда, омодагии онҳоро барои муътадил гузаронидани фасли зимистон санҷидааст.Абдуллозода ба роҳбарияти муассисаҳои болозикр ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонӣ ба беморон дастуру супоришҳои мушаххас додааст.Вазорати тандурустӣ: Худи “Сербер” нест, аммо ташвишаш ҳастМанбаъ афзуда, ки чунин санҷишҳо бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар давраи зимистон, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ гузаронида мешаванд.Ҳамчунин, дар чунин санҷишҳо, масъалаву мушкилоти ҷойдошта ва таҳлили вазъи соҳа сурат мегирад.Ин дар ҳолест, ки пештар, Наврӯз Ҷаъфаров сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологии Вазорати тандурустӣ аз хуруҷи зукоми мавсимӣ хабар дода, аз шаҳрвандон талаб намудааст, ки ба худтабобаткунӣ роҳ надиҳанд.Тоҷикистонро зукоми мавсимӣ фаро гирифтИн намояндаи Вазорати тандурустӣ ҳамчунин ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки дар ҷумҳурӣ навъи нави коронавирус мавҷуд нест, вале эҳтимолияти роҳ ёфтани он баланд аст. Зеро ин навъ вирус аллакай дар кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон зуҳур кардааст.
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/06/1053331379_0:172:720:712_1920x0_80_0_0_4973cf0bac51a10469db8c264f3fca92.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷамолиддин абдуллозода, вазортаи тандурустӣ, тоҷикистон
ҷамолиддин абдуллозода, вазортаи тандурустӣ, тоҷикистон
Пас аз ҳуҷуми зукоми мавсимӣ: Вазир омодагии бемористонҳоро санҷид
09:01 07.12.2022 (Навсозишуда: 13:59 07.12.2022) Вазорати тандурустӣ мегӯяд, муассисаҳои тиббие, ки вазир аз онҳо боздид кардааст, пурра бо гармӣ таъмин буда, захираи кофии ғизо ва дору доранд
ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, омодагии муассисаҳои тиббии шаҳри Душанберо ба зимистонгузаронӣ санҷид.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии вазорати тандурустӣ хабар дода меафзояд, ки вазир аз Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ва Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ дидан намудааст.
Зимни боздид, Абдуллозода бо рафти фаъолияти муассисаҳои мазкур ошно шуда, омодагии онҳоро барои муътадил гузаронидани фасли зимистон санҷидааст.
"Бо мақсади муътадил гузаронидани фасли зимистон дар муассисаҳои мазкур ба таври кофӣ маводи хӯрока ва доруворӣ захира гардида, шӯъбаҳои беморхонаҳо пурра бо гармӣ таъмин мебошанд", - омадааст дар хабарнома.
Абдуллозода ба роҳбарияти муассисаҳои болозикр ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонӣ ба беморон дастуру супоришҳои мушаххас додааст.
Манбаъ афзуда, ки чунин санҷишҳо бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар давраи зимистон, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ гузаронида мешаванд.
Ҳамчунин, дар чунин санҷишҳо, масъалаву мушкилоти ҷойдошта ва таҳлили вазъи соҳа сурат мегирад.
Ин дар ҳолест, ки пештар, Наврӯз Ҷаъфаров сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологии Вазорати тандурустӣ аз хуруҷи зукоми мавсимӣ хабар дода, аз шаҳрвандон талаб намудааст, ки ба худтабобаткунӣ роҳ надиҳанд.
Ин намояндаи Вазорати тандурустӣ ҳамчунин ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки дар ҷумҳурӣ навъи нави коронавирус мавҷуд нест, вале эҳтимолияти роҳ ёфтани он баланд аст. Зеро ин навъ вирус аллакай дар кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон зуҳур кардааст.