Толибон: Амрико ба баҳонаи кумакҳои башардӯстона дар умури дохилии кишвар дахолат накунанд

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкЗабиулла Муджахид, Представитель движения "Талибан"
Забиулла Муджахид, Представитель движения Талибан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2022
Обуна шудан
Сухангӯи толибон ахиран эълон кард, ки амрикоиҳо набояд ба баҳонаи кумакҳои башардӯстона дар умури дохилии Афғонистон дахолат кунанд
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Сухангӯи расмии ҳукумати толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар паёми твиттериаш ба суханони ахири кордори сафорати Амрико барои Афғонистон вокуниш нишон дода эълом кард, ки муассисоте, ки дар Афғонистон фаъолият доранд ба риояти қавонин ва фаромини кишвари мо мукаллафанд, иттилоъ додааст хабаргузории “ИРНА”.
Оқои муҷоҳид гуфтааст, ки ҳукумати толибон ба касе иҷоза намедиҳад, ки таҳти унвони кумакҳои башарӣ дар мавриди мавзуъот ва ё масъулин толибони Афғонистон суханон бе масъулят бигӯянд ва ё таҳдид кунанд.
Ин дар ҳолест, ки кордори сифорати Амрико барои Афғонистон Карн Дикар дар вокуниш ба тасмими ахири толибон мабнӣ бар мамнуъияти кори занон дар муассисоти дохилӣ ва хориҷӣ, хоҳони тавзеҳ дар мавриди ин тасмим шудааст.
Бывший президент Афганистана Хамид Карзай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2022
Раисиҷумҳури собиқи Афғонистон: ҳарончи дар кишвар рух дод, масъулаш ИМА аст
Дикар ахиран бо нашр твитт гуфтааст, ки ба унвони намояндаи бузургтарин эҳдокунандаи кумакҳои башардӯстона, аз толибон мехоҳад, то тавзеҳ диҳанд ки дар сурати набуди кормандони зан, чигуна кумакҳои башардӯстонаро барои занону кӯдакон пешниҳод хоҳанд кард.
Вай Динмуҳамад Ҳанифӣ, сарпарасти вазорати иқтисодро масъули ин тасмим донистааст.
Ахиран ҳукумати толибон бо судури эъломияе, дастур додаанд ки пас аз ин занон дар муассисоти дохилӣ ва хориҷӣ иҷозаи кор кардан надоранд.
Лентаи хабарҳо
0