Дар Русия барои сайёҳони хориҷӣ “корти гардишгарӣ” роҳандозӣ мекунанд

© Sputnik / Sergey Pyatakov / Гузариш ба медиабонкИностранный турист на Красной площади в Москве
Иностранный турист на Красной площади в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2022
Обуна шудан
Роҳандозии корти нав барои муҳоҷирон, кормандон ва дигар шаҳрвандони хориҷӣ, ки бо сабабҳои гуногун ба кишвар меоянд, ба зудӣ оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Пардохтҳо бо "Карти гардишгар" дар Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ дар ояндаи наздик имконпазир хоҳад шуд.
Барои афроде, ки вориди Русия мешаванд, корт дода мешавад ва онро бояд гардишгар фаъол кунад ва тибқи қавонин аз он барои пардохт истифода кнамояд, гуфт муовини нахуствазир Дмитрий Чернишенко.
Нақшаи эҷоди чунин корт барои пардохтҳои ғайринақдии хориҷиён дар қаламрави Русияро қаблан Максим Решетников, вазири рушди иқтисод эълон карда буд.
“Ҳукумат ба Вазорати рушди иқтисод дастур дод, ки кортеро таҳия намояд, ки ба шахсони хориҷӣ диҳад, ҳангоми ворид шудан ба Русия онро зуд фаъол кунад, маблағҳои заруриро ба онҷо интиқол диҳад. Ҳамчунин ҳангоми баргашт ба пулҳояшро ба роҳат тибқи қавонини байналмилалӣ баргардонад”, - гуфт Чернишенко.
Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2022
Тоҷикистон дар соли 2022 пешсафи самтҳои гардишгарӣ барои сайёҳони рус шуд
Вай қайд кард, ки корт метавонад ҳам виртуалӣ ва ҳам пластикӣ бошад – “Мир”.
Ба гуфтаи сиёсатмадор, Бонки марказӣ дар ҳалли ин мушкил ҳамроҳ шудааст ва онро дастгирӣ дорад. Мақомдори рус ваъда дод, ки натиҷаҳои он дар ояндаи наздик пешниҳод хоҳад шуд.
Вай ҳамчунин тавзеҳ дод, ки дар 9 моҳи соли 2022 беш аз 7,5 миллион нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз Русия дидан карданд.
Лентаи хабарҳо
0