https://sputnik.tj/20221229/ruhoniyon-rusiya-musalmonon-kharid-furush-sahmiya-1053880103.html
Руҳониёни Русия ба мусалмонон хариду фурӯши саҳмияҳоро иҷозат доданд
Руҳониёни Русия ба мусалмонон хариду фурӯши саҳмияҳоро иҷозат доданд
Sputnik Тоҷикистон
Шӯрои уламои Идораи рӯҳониёни мусулмонони Русия ба мусалмонон кишвар хариду фурӯши саҳмияҳоро дар бозори коғазҳои қиматнок иҷозат додааст
2022-12-29T15:05+0500
2022-12-29T15:05+0500
2023-02-08T19:46+0500
дар русия
харидорӣ
фурӯш
саҳмия
шӯрои уламо
фатво
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101657/07/1016570764_0:100:3068:1826_1920x0_80_0_0_b024fbd02cc5fe19a8980cc4a680ba6e.jpg
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Шӯрои уламои Идораи рӯҳониёни мусулмонони Русия дар ҷаласаи навбатии худ фатво дар бораи иҷозаи хариду фурӯши саҳмияҳои ширкатҳои мухталиф аз ҷониби мусалмонон қабул кард.Муовини раиси Шӯрои уламои Русия Илдар Аляутдинов рӯзи панҷшанбе ба РИА Новости гуфт, моҳияти фатво дар мавриди хариду фурӯши саҳмияҳо аз ҷониби мусалмонон ин аст, ки дар бозори коғазҳои қиматнок се навъи ширкат вуҷуд дорад.“Якум ин аст, ки фаъолияти онҳо аз сӯйи шариат (қонунҳои исломӣ) иҷозат дода шуда аст ва мӯъминон ҳақи тиҷорати чунин саҳмияҳоро доранд. Дуюм ширкатҳое ҳастанд, ки фаъолияташон барои мусалмонон мамнӯъ аст, масалан, қимор, бозӣ, машрубот, тиҷорати марбут ба гӯшти хук ва ғайра”, - гуфт оқои Аляутдинов.Ҳамзамон ӯ таъкид кард, ки дигар ширкатҳои омехта низ дар ин бозорҳо вуҷуд доранд. Онҳо бештар ба фаъолиятҳое машғуланд, ки аз сӯйи шариат иҷозат дода шудаанд, аммо маҷбуранд аз бонкҳо анъанавӣ қарзҳои рибо гиранд. Хариду фурӯши саҳмияҳои ин ширкатҳо иҷозат дода шудааст, вале бо риояи бархе аз шартҳое, ки дар фатвои мо дар манобеъи расмии Шӯрои уламо нашр хоҳанд шуд ", - гуфт Аляутдинов.Вай афзуд, хулосаи рӯҳониёни Шӯрои уламо дар бораи иҷозаи хариду фурӯши саҳмияҳо аз ҷониби мусалмонон пурра карда мешавад.
https://sputnik.tj/20220709/shuro-ulamo-idgardak-kudakon-1049873802.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101657/07/1016570764_337:0:3068:2048_1920x0_80_0_0_d550db983fbba46c5c98d4e11ae58699.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, мусалмонон, шӯрои уламо, хариду фурӯш, саҳмия, иҷозат, бозор коғазҳои қиматнок
русия, мусалмонон, шӯрои уламо, хариду фурӯш, саҳмия, иҷозат, бозор коғазҳои қиматнок
Руҳониёни Русия ба мусалмонон хариду фурӯши саҳмияҳоро иҷозат доданд
15:05 29.12.2022 (Навсозишуда: 19:46 08.02.2023) Шӯрои уламои Идораи рӯҳониёни мусулмонони Русия ба мусалмонон кишвар хариду фурӯши саҳмияҳоро дар бозори коғазҳои қиматнок иҷозат додааст
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Шӯрои уламои Идораи рӯҳониёни мусулмонони Русия дар ҷаласаи навбатии худ фатво дар бораи иҷозаи хариду фурӯши саҳмияҳои ширкатҳои мухталиф аз ҷониби мусалмонон қабул кард.
Муовини раиси Шӯрои уламои Русия Илдар Аляутдинов рӯзи панҷшанбе ба РИА Новости гуфт, моҳияти фатво дар мавриди хариду фурӯши саҳмияҳо аз ҷониби мусалмонон ин аст, ки дар бозори коғазҳои қиматнок се навъи ширкат вуҷуд дорад.
“Якум ин аст, ки фаъолияти онҳо аз сӯйи шариат (қонунҳои исломӣ) иҷозат дода шуда аст ва мӯъминон ҳақи тиҷорати чунин саҳмияҳоро доранд. Дуюм ширкатҳое ҳастанд, ки фаъолияташон барои мусалмонон мамнӯъ аст, масалан, қимор, бозӣ, машрубот, тиҷорати марбут ба гӯшти хук ва ғайра”, - гуфт оқои Аляутдинов.
Ҳамзамон ӯ таъкид кард, ки дигар ширкатҳои омехта низ дар ин бозорҳо вуҷуд доранд. Онҳо бештар ба фаъолиятҳое машғуланд, ки аз сӯйи шариат иҷозат дода шудаанд, аммо маҷбуранд аз бонкҳо анъанавӣ қарзҳои рибо гиранд. Хариду фурӯши саҳмияҳои ин ширкатҳо иҷозат дода шудааст, вале бо риояи бархе аз шартҳое, ки дар фатвои мо дар манобеъи расмии Шӯрои уламо нашр хоҳанд шуд ", - гуфт Аляутдинов.
Вай афзуд, хулосаи рӯҳониёни Шӯрои уламо дар бораи иҷозаи хариду фурӯши саҳмияҳо аз ҷониби мусалмонон пурра карда мешавад.