Раиси Шӯрои уламо дар бораи идгардаки кӯдакон: Аз хурдӣ ба талбандагӣ хӯ мегиранд

© Sputnik / Амир ИсаевДети на улицах Душанбе на Иди Рамазан
Дети на улицах Душанбе на Иди Рамазан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2022
Обуна шудан
Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, идгардаки кӯдакон дар ягон китоби муқаддаст наомадааст ва онро бояд падуру модарон ба фарзандон бифаҳмонанд
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон 9 июл аз Иди Қурбон ҷашн мегиранд.
Яке аз одатҳо дар ин ид идгардакт кӯдакон, махсусан дар маноиқи марказӣ ва ҷанубии кишвар аст, ки раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон онро қобили қабул намедонад.
Куакон аз хурдӣ ба амали талбандагӣ хӯ мегиранд, гуфтааст, Саидмукаррам Абқодирзода, раҳбари ин ниҳод дар суҳбат бо "Ховар".
Ӯ мегӯяд, дар ягон китоби муътабари исломӣ, динӣ ё мазҳабӣ, хусусан мазҳаби Имом Абӯ Ҳанифа идгардак зикр нашудааст, ки дар рӯзи ид кӯдакон дар даст халтаҳо гирифта гурӯҳ-гурӯҳ ба хонаҳо бигарданд.
Праздничный дастархан в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2022
Абдуқодирзода аз исрофкориву нархҳои осмонӣ дар рӯзи ид гуфт: Ба худ ҷабр накунед
"Ҳоло идгардаки кӯдакон аз чанд ҷиҳат зиён дорад. Аввал ин ки мо дар рӯзҳои саратони тобистон қарор дорем ва ҳавои гарму сӯзон ба саломатии кӯдакон хатар дорад. Дигар ин ки кӯдакон беназорат монда, сабаби сар задани ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш шуда метавонад",- афзудааст манбаъ.
Раиси Шӯрои уламо тавсия медиҳад, ки хуб мешуд, волидайн кӯдакони худро дар доираи хонаводаи худ хушҳол кунанд, нагузоранд, ки ба ҳар даре ва ҳар ҷое бираванду беназорат монанд.
Ба гуфтаи ӯ барои фаҳмонидани мафҳуми идгардак пеш аз ҳама падару модар муваззафанд, баъдан мактабу муаллим.
Абдуқодирзода ҳамзамон аз сокинони кишвар даъват кард, ки ба зоҳирпарастӣ роҳ надиҳанд ва хуб мешуд "дастархони маънавӣ" оро диҳанд.
Лентаи хабарҳо
0