Қурби рубл дар Тоҷикистон боз коҳиш ёфт

© Sputnik / Владимир ТрефиловМонеты номиналом один рубль.
Монеты номиналом один рубль. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2022
Обуна шудан
Дар бозори арзи Тоҷикистон қурби пули миллӣ дар баробари рублу евро устувор мешавад, аммо доллар пас суқути дарозмуддат тадриҷан дигарбора гарон мешавад
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард. Рубли русӣ ба таври қобили мулоҳиза боз коҳиш ёфтааст.
Тибқи нишондоди ин ниҳод ҳоло 1000 рубл 141 сомонӣ арзиш дошта, нисбат ба як рӯзи қаблӣ 2,5 сомонӣ поин рафтааст.
Як рӯз қабл дар кишвар 1000 рубл 144,5 сомонӣ арзиш дошт.
Асъори амрикоӣ низ ба таври чашмнорас каме коҳиш ёфтааст. Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар бозори арз барои як доллар 10.2012 сомонӣ медиҳанд. Қаблан як доллар ба 10.2092 сомонӣ баробар буд.
Дар ҳамин ҳол вазъи пули аврупоӣ беҳтар шудааст. Ҳоло дар кишвар бар ивази як евро 10.8755 сомонӣ медиҳанд.
Денежные купюры  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2022
Танҳо барои дӯстон: Думаи давлатӣ савдои асъорро барои бонкҳои хориҷӣ мекушояд
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд. Аз ҷумла дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 138 сомонӣ ва зимни фурӯш 145 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Бонки "Эсхата" ва "Алифбонк"қурби ҳазор рублро зимни харид 141 ва дар фурӯш 143,5 сомонӣ муайян намудаанд.
Дар "Спитаменбонк" низ, 1000 рубл зимни харид 141 ва ҳангоми фурӯш 145 сомонӣ қимат дорад.
Дар ҳамин ҳол, Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0